Ҷинояти дигар; иҳонати Исроил ба дастури ахири додгоҳи байналмилалӣ

Ҷангандаҳои исроилӣ даст ба ҷинояти дигар дар Ғазза зада ва хаймаҳои оворагони фаластинӣ дар Рафаҳро бомбаборон карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Исроил субҳи имрӯз ҷинояти дигар алайҳи оворагони фаластинӣ дар ғарби Рафаҳ анҷом додааст, ки нишонгари иҳонати ошкори ин режим ба дастури ахири додгоҳи байналмилалии Гаага мебошад.

Дар пайи ин ҷинояти режими саҳюнистӣ беш аз 50 нафар шаҳиду захмӣ шудаанд.

Ҳамос дар вокуниш ба ин ҷиноят Амрико ва Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳидаро масъули ин ҷиноят эълом кард.

Ҳамос тайи баёнияе эълом кард, ки аз ҳамаи тарафҳо ба вижа Миср мехоҳад, ки режими саҳюнистиро барои хуруҷи неруҳои худ аз гузаргоҳи Рафаҳ таҳти фишор қарор диҳад.

Ин гуруҳи муқовимати Фаластин эълом кард: Хостори иҷрои фаврии дастур ва тасмими додгоҳи байналмилалӣ ва фишор ба режими ишғолгар барои таваққуфи ҷиноятҳояш ҳастем.

Дафтари сиёсии Ансоруллоҳи Яман ҳам тайи баёнияе ин ҷинояти Исроилро ба шиддат маҳкум карда Амрикоро масъули комили ҷиноят дар Рафаҳ ва манотиқи дигари Ғазза донист.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва тамоми ниҳодҳои марбута бояд барои боздоштани наслкушӣ алайҳи мардуми мо, ки беш аз ҳафт моҳ идома дорад, чораҳои фаврӣ андешанд ва шаҳрвандони Фаластинро аз мошини куштор ва террори Исроил, ки мехоҳад фаластиниёнро овора кунад, ҳимоят кунанд.

Ансоруллоҳи Яман эълом кард, ки наслкушии Исроил алайҳи гурезаҳои Ғазза мизони ваҳшигарии душмани исроилӣ ва умқ ва даҳшати ҷинояти онро нишон медиҳад.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳам эълом кард: Системаи беҳдоштӣ дар Ғазза наметавонад бо вазъияти Рафаҳ муқобила кунад. Эҳтимол дорад теъдоди қурбониёни бомбаборони хаймаҳои оворагон ва ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Рафаҳ афзоиш пайдо кунад.

Дифои маданӣ дар Ғазза низ гуфт, ки неруҳои ин ниҳод дар пайи ҳадаф қарор додани оворагон дар Рафаҳ, ҳудуди 50 шаҳид ва захмиро аз зери овораҳо берун овардааст.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз Вазорати беҳдошти Ғазза эълом кард, ки аз 7 октябр шумори шаҳидон дар Ғазза ба 35 ҳазору 903 нафар ва шумори захмиён ба 80 ҳазору 420 нафар расидааст.

Ин вазорат эълом кард, ки режими саҳюнистӣ дар 24 соати ахир дар навори Ғазза 5 куштор анҷом додааст, ки бар асари он 46 нафар шаҳид ва 130 тани дигар захмӣ шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад