Рӯзномаи исроилӣ: Амрико ҷомонда, Эрон дар минтақа пешрафт мекунад

Рӯзномаи саҳюнистӣ, Post Jerusalem навишт: Қудрат пайдо кардани Эрон монее надорад; Эрон дар минтақа ба қудрат расидааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Post Jerusalem, рӯзномаи исроилӣ ба паёмадҳои даргузашти раисҷумҳури Эрон, Сайид Иброҳим Раисӣ пардохта ва бо баёни ин ки “даргузашти Раисӣ эҳтимолан паёмадҳои бузурге нахоҳад дошт” навишт: “Шахси дигаре ҷойгузини вай хоҳад шуд ва системае, ки вай бахше аз он аст ба кори худ идома хоҳад дод”.

Ин рӯзнома бо эътироф ба қудрати Эрон дар минтақа ва коҳиши қудрати Амрико навишт: “Эрон бо ҳимояти Чин бо Арабистони Саудӣ тавофуқ кардааст ва ба дунболи боз кардани даври ҷадиде аз равобит бо Миср будааст. Теҳрон ҳамчунин аз нишасти ахири кишварҳои мусулмон дар Гамбия барои танҳо нигоҳ доштани Исроил ва ҳамкории бештар байни кишварҳои исломӣ баҳра бурдааст.”

Акнун давраи муомилоти минтақавӣ мебошад. Чин бо Эрон ва Арабистони Саудӣ муомила кард. Русия паҳподҳои эронӣ ворид мекунад. Ҳамаи инҳо нишон диҳандаи раванде мебошад, ки метавонад ба Теҳрон қудрати бештаре дар минтақа бидиҳад. Чанд сол пеш маълум набуд, ки Эрон ин ҳама қудратро дошта бошад.

Ин рӯзнома афзуд, эҳтимоли каме вуҷуд дорад, ки Эрон ба зудӣ аз минтақа ақибнишинӣ кунад. Ба назар мерасад, ки кишварҳои Халиҷи Форс медонанд, ки Эрон акнун дар ҳоли авҷгирӣ мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад