Инзивои Амрико ва тасмими кишварҳои ғарбӣ барои ба расмият шинохтани Фаластин

Афзоиши кишварҳо аз ҷумла кишварҳои ғарбӣ, ки тасмим доранд кишвари Фаластинро ба расмият бишносанд, инзивои бештари Амрико ва режими саҳюнистиро дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳамроҳ дорад.

Афзоиши кишварҳо аз ҷумла кишварҳои ғарбӣ, ки тасмим доранд кишвари Фаластинро ба расмият бишносанд, инзивои бештари Амрико ва режими саҳюнистиро дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳамроҳ дорад.

Тасмими кишварҳои Норвегия, Ирландия ва Испания барои ба расмият шинохтани Фаластин ба унвони як кишвари мустақил, нишон медиҳад, ки акнун кишварҳои бештаре дар канори адолат дар ин мавзӯъ истодаанд ва Амрикоро ба таври физояндае мунзавӣ мекунанд.

Фаластиниҳо муддатҳо аст, ки хоҳони ба расмият шинохта шудани кишвар худ ҳастанд; дар соли 1988, нишасти Шӯрои миллии Фаластин дар Алҷазоир, ташкили кишвари Фаластинро эълон кард, токунун ҳудуди 140 кишвар, Фаластинро ба расмият шинохтаанд ва дар муқобил, бештари кишварҳои ғарбӣ дар миёни онҳо нестанд.

Кишварҳои ғарбӣ, ба вижа Амрико, бархилофи раванди ҷаҳонӣ, борҳо фаластиниҳоро ноумед кардаанд; дар соли 2011 ва дар соли ҷорӣ, Амрико узвияти комили Фаластин дар Созмони Милалро вето кард ва роҳро барои ташкили кишвари Фаластин масдуд кард.

Ин беадолатӣ, ки муддатҳо аз сӯи мардуми Фаластин таҳаммул мешуд, ҳанӯз ҷуброн нашуда ва дар натиҷа ба иллати аслии даргириҳои Фаластин ва режими саҳюнистӣ табдил шуда ва дар ҳоле, ки роҳи ҳалли ду давлатӣ мубҳам боқӣ монда, паёмади он фоҷиабор аст.

Масъалаи Фаластин дар маркази масоили ғарби Осиё қарор дорад ва ба сулҳу суботи минтақа ва ҳамчунин баробарӣ ва адолати ҷаҳонӣ аҳамият медиҳад; ин дархости қавии ҷомеаи байналмилалӣ ва масъулияти муштараки ҳамаи тарафҳо барои ҳимоят ва пешбурди раванди ташкили кишвари мустақили Фаластин бо ҳадафи тасҳили сулҳи пойдор дар Ховари Миёна будааст.

Ҳимояти кишварҳои ғарбӣ аз Фаластини мустақил

Нахуст‎узири Ирландия, мегӯяд: мо мӯътақидем, ки ба расмият шинохтани Фаластин ба сулҳ ва оштӣ дар Ховари Миёна кумак мекунад. Ин баёния ҳимояти бидуни қайду шарт аз роҳи ҳалли ду давлатӣ аст, танҳо роҳи мӯътабари сулҳ ва амният барои Исроил, Фаластин ва мардуми онҳо аст.

Педро Санчез, нахуст‎узири Испания, низ дар навбати худ таъкид кард, ки Испания Фаластинро «ба хотири сулҳ, адолат ва субот» ба расмият мешиносад ва аз ҳар ду тараф хост, то барои дастёбӣ ба роҳи ҳалли ду давлатӣ вориди гуфтугӯ шаванд.

Нахуст‎узири Норвегия, гуфт: дар Ховари Миёна бидуни роҳи ҳалли ду давлатӣ сулҳ вуҷуд нахоҳад дошт ва роҳи ҳалли ду давлатӣ бидуни давлати Фаластин вуҷуд нахоҳад дошт; ба иборати дигар, ташкили кишвари Фаластин пешниёзи дастёбӣ ба сулҳ дар Ховари Миёна аст.

Раъйи мусбати Маҷмаи умумии Созмони Милал ба кишвари Фаластин

Дар авоили моҳи ҷорӣ, нишасти фавқулодаи Маҷмаи умумии Созмони Милал бо аксарияти қотеъ қатъномаеро барои таъйиди муҷаддади ҳаққи мардуми Фаластин барои таъйини сарнавишт, аз ҷумла ҳаққи доштани кишвари мустақил, ки воҷиди шароити узвияти комил дар Созмони Милал аст, тасвиб ва тавсия кард, ки Ҳӯрои амният ба нафъи ин дархост барои пайвастани Фаластин ба Созмони Милал таҷдиди назар кунад.

Ҳаракати мусбати 3 кишвари Аврупоӣ, гоми муҳкам ба сӯи ташкили давлати Фаластини талаққӣ мешавад, зеро мумкин аст дигар кишварҳо, ба вижа кишварҳои ғарбиро ташвиқ ба анҷоми иқдоми мушобеҳ кунад.

Ба расмият шинохтани кишвари Фаластин гоме млмус ба сӯи як масири сиёсии бодавом аст, ки мунҷар ба истиқлоли Фаластин мешавад.

Эъломияи кишварҳои ғарбӣ, ин дидгоҳро дар теъдоди физояндае аз пойтахтҳо равшан мекунад, ки ҳокимияти Фаластин наметавонд мунтазири як тавофуқи сулҳи доимӣ бо режими саҳюнистӣ бошад.

Шояд муҳимтарин мавзуъ ин аст, ки чигуна ба расмият шинохтани ҷадид ба фарсоиши «моликият»-и Амрико бар раванди сулҳи Исроил ва Фаластин аз замони музокирот ва тавофуқи сулҳи Осло ишора мекунад.

Мавонеи Амрико бар сари роҳи кишвари Фаластин

Бо вуҷуди пешрафт, роҳи расидан ба як кишвари мустақили Фаластин пур аз монеаҳое аст, ки аз сӯи Амрико эҷод шудааст.

Давлати Амрико тасмими кишварҳои Норвегия, Ирландия ва Испанияро рад кард ва гуфт, ки ташкили кишвари Фаластин набояд аз тариқи «ба расмият шинохтани якҷониба» муҳаққақ шавад.

Агарчи Вашингтон муддаии ҳимоят аз роҳи ҳалли ду давлатӣ аст, аммо монанди ҳамеша, амалан бо дугонагӣ рафтор кардааст.

Вашингтон бо ношунаво мондан дар баробари дархости одилонаи ҷомеаи байналмилалӣ, аз лузуми оташбаси ҳамзамон бо сарозер кардани таслиҳот ба заминҳои ишғолӣ ва аз кумак барои дастрасии башардӯстона ҳамзамон бо эҷоди монеъ дар ин масир сӯҳбат карда ва ин як рӯйкарди дугонаи шармовар аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад