Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи маҷлиси миллии Кореяи Ҷанубӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ю Дунги Су, намояндаи маҷлиси миллии Ҷумҳурии Кореям Ҷанубӣ дидору гуфтугу карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ю Дунги Су, намояндаи маҷлиси миллии Ҷумҳурии Кореям Ҷанубӣ дидору гуфтугу карданд.
Ба гузориши манбаъ:
Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ю Дунги Су, намояндаи маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея дидору гуфтугу карданд.дар ин дидори мавзуъоти тақвият ва густариши ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.
Тарафайн аз вазъияти кунунии равобити байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ иброз ризоят карданд .Дар ин дидори рушди ҳамкориҳо дар заминаҳои муҳими сиёсӣ, байнипорлумонӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ ва башардустона мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.
Таъкид шуд ки эҳдоси корхонаҳои тавлиди континир ва панелҳои хуршедӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки имруз санги баннои он гузошта шуд, оғози марҳалаи ҷадиди аз тавсеаи ҳамкориҳо хоҳад буд.
Дар ин дидори тарафайн дар бораи масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ низ баҳсу табодули назар карданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар садри як ҳайати баландпояи парлумонӣ барои иштирок дар ҳамоиши вакилони мардумӣ ба Сеул меравад.
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ, Маҳмадтоир Зокирзода бо сафари серӯза озими Кореяи Ҷанубӣ хоҳад шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки сафари ҳайат рӯзҳои 18-20 октябри соли равон дар назар мебошад.
Таъкид шудаст, ки ҳадафи сафар иштирок Конфронси якуми раисони парлумонҳои давлатҳои “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” дар шаҳри Сеул мебошад.
Зокирзода ба ин ҳамоиш бо даъвати раиси Маҷлиси миллии Корея Ким Ҷин Пё меравад, афзуд манбаъ.
Ҳамчунин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода низ дар ин сафар Зокирзодаро ҳамроҳӣ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан як ҳайати баландпояи парлумонии Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон омада, бо роҳбарияти кишвар таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Мақомоти Тоҷикистону Корея аз ҷумла ҳамкориҳоро дар бахши ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, энержӣ, нақлиёт, бонк ва сайёҳӣ ояндадор арзёбӣ мекунанд.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар моҳи апрели соли 1992 барқарор шуда, ҷонибҳо талош доранд, ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мубодилаи кадрҳо ва дигар соҳаҳоро мунтазам рушд диҳанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад