Эътирофи Байден: Афғонистон қабристони императорҳост

Раисҷумҳури Амрико дар як нишасти хабарӣ шикасти ин кишвар дар Афғонистонро эътироф карду изҳор дошт, ки Афғонистон қабристони императорҳост.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар як нишасти хабарӣ бо раисҷумҳури Кения шикасти Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистонро эътироф карду гуфт, ки Афғонистон қабристони императорҳост.

Байден дар бораи ихроҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон гуфт: Далеле вуҷуд дорад, ки чаро Афғонистон ба унвони гуристони миператорҳо шинохта шудааст. Эҳтимоли ин ки касе Афғонистонро муттаҳид кунад бисёр, бисёр, бисёр дур аз зеҳн ба назар мерасад.

Вай бо эътироф зимнӣ ба ин ки Амрико Афғонистонро ишғол карда буд, афзуд: Аз сӯи дигар, роҳҳое барои кантроли ДИИШ ба ғайр аз ишғоли Афғонистон вуҷуд дорад. Ин як ниёзи ғайри зарурӣ мебошад.

Эътирофи Байден бахше аз таърихи пурифтихори Афғонистон аст

Узви аршади ҳукумати Толибон дар вокуниш ба эътирофи Амрико изҳор дошт, эътирофи Ҷо Байден бахше аз таърихи пурифтихорӣ Афғонистон аст.

Анас Ҳаққонӣ, бародари вазири кишвар ва узви аршади ҳукумати Толибон дар вокуниш ба эътирофи Байден таъкид кард, Афғонистон ҳақиқатан гурустони “императорҳои ишғолгар” аст ва эътирофи раисҷумуҳи Амрико бахше аз “таърихи пурифтихор”-и мо аст.

Ҳаққонӣ ҳамчунин дидгоҳи Бойден дар бораи муттаҳид набудани афғонҳоро носаҳеҳ хонд.

Анас Ҳаққонӣ бародари Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири ҳукумати Толибон дар 12 октябри 2014 тавассути неруҳои иттилоотии Амрико дар Баҳрайн боздошт шуд ва пас аз интиқол ба Иморот дар ниҳоят ба амнияти миллии давлати пешини Афғонистон таҳвил дода шуд.

Марк Милли, раиси собиқи Ситоди муштараки артиши Амрико, ахиран эътироф карда буд, ки хуруҷи нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон як нокомии стратегӣ буд ва гуфт, ҷанги 20-солаи Афғонистон низ бо шикасти Вашингтон поён ёфт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад