Шаҳид Раисӣ бо дигар раҳбарони ҷаҳон фарқ мекард

"Сайид Абдулмалик Бадруддин Ал-Ҳавсӣ" раҳбари Ансоруллоҳи Яман, шаҳид Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисиро шахсияти шуҷоъ дар дифоъ аз Эрон ва кишварҳои исломӣ тавсиф кард, ки мояи ифтихори уммати Ислом ва мутафовит бо дигар раҳбарони ҷаҳон буд.

Ба гузориши шабакаи Ал-Масира, Сайид Абдулмалик Бадруддин Ал-Ҳавсӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман тайи суханронии имрӯзи худ гуфт: Эрон дар миёни кишварҳои арабӣ ва исломӣ рӯйкарди қотеъ ва усулӣ иттихоз кард ва ба шакли мутамоиз ва камназир дар канори Фаластин истод. Ҷумҳурии Исломии Эрон масоили уммати исломӣ ва мустазъафон аз ҷумла мавзеъгирӣ дар қиболи мазлумияти миллати Яманро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст.

Сайид Абдулмалик Бадруддин афзуд: шаҳид Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ рӯйкарди Эрон дар баробари масоили уммати исломро бо шуҷоат, устуворӣ ва ҷасорат баён кард. Бисёре аз раҳбарон бо лаҳне сӯҳбат мекунанд, ки Амрикоиҳоро хашмгин накунанд, аммо шаҳид Раисӣ бо бақияи раҳбарон фарқ дошт ва ошкор ва ҷасурона ва бидуни таваҷҷуҳ ба фишори Амрико сухан мегуфт ва аз дигарон мутамоиз буд.

Вай идома дод: шаҳиди Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ як раҳбари исломӣ буд, ки уммати Ислом бояд аз назари сатҳи ахлоқӣ ва илмӣ ба ӯ ифтихор кунад. Оқои Иброҳими Раисӣ дар мақоми масъулияти худ ва дар иртибот бо мардуми худ як улгу аст ва ин дарси муҳимме барои соири раҳбарон аст.

Сайид Абдулмалик Бадруддин, раҳбари Ансоруллоҳи Яман тасреҳ кард: ҳузури миллионӣ дар маросими ташйиъи Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ нишон диҳандаи равобити ҳасанаи ӯ бо миллат аст ва дар ин замина бо бисёре аз раҳбарон дар саросари ҷаҳон мутафовит аст.

Вай идома дод: Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, худро хидматгузори мардумаш медонист ва то охирин лаҳзаи умри худ ин мавзӯъро дар амал нишон дод ва ин дарси муҳимме аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад