Сафири Эрон: Раисӣ ба мардуми тоҷик алоқаманд буд

Сафари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон барои ибрози ҳамдардӣ ва таслият нисбати шаҳодати раисҷумҳури Эрон Иброҳими Раисӣ ва ҳамроҳонаш дар суқути ҳавопаймо ба тоҷикон изҳори миннатдорӣ баён кард. 

Алиризо Ҳақиқиён, сафари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳузури ҷамъе аз хабарнигорон ба мардуми тоҷик барои ибрози ҳамдардӣ ва таслият нисбати шаҳодати раисҷумҳури Эрон Иброҳими Раисӣ ва ҳамроҳонаш дар суқути ҳавопаймо изҳори миннатдорӣ баён кард.
Сафири ҶИЭ гуфт: “Пеш аз ҳама аз Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон барои арзи таслият ба мардуми Эрон изҳори сипос мегӯям. Вазъияти бавуҷудомада бори дигар ба ҷаҳониён собит кард, ки мардуми Эрону Тоҷикистон дар ғаму шодии ҳамдигар шарик ҳастанд ва дар шароити сахт маҳкаму устувор дар канори ҳам истодаанд”.
Дар идома Алиризо Ҳақиқиён аз хизматҳои Саид Иброҳими Раисӣ дар густариши муносибати Эрону Тоҷикистон изҳори назар кард. Ӯ гуфт, ки Иброҳими Раисӣ ба мардуми Тоҷикистон бисёр алоқаманд буд ва аввалин сафари расмии хориҷии худро ҳамчун Раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон анҷом дод ва баъди чанд моҳ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам баъди 8 сол ба Теҳрон сафар кард.
Ҳақиқиён илова кард: “Чанд моҳ ҷаноби оқои Раисӣ дуввумин сафари худро ба Тоҷикистон анҷом дод ва дар ин сафар буд, ки он ҷумлаи таърихӣ, ки “Пешрафт ва амнияти Тоҷикистон пешрафт ва амнияти Эрон аст”-ро ошкорона ба дунё эълом кард”.
Ба гуфти сафир дар даври кӯтоҳи роҳбариаш Иброҳим Раисӣ бо Эмомалӣ Раҳмон 5 дидору мулоқот анҷом додааст.
Ҳамчунин, Ҳақиқиён зикр кард, ки дар се соли гузашта беш аз 100 ҳайати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар табодул шуда, беш аз 50 санади муҳимми ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расидааст.
Дар идома, сафири Эрон Алиризо Ҳақиқиён ба нақши Вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар густариши равобити Тоҷикистону Эрон таъкид кард.
Алиризо Ҳақиқиён таъкид кард, ки пас аз даргузашти Иброҳими Раисӣ низ масири ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо тақвият хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки чархболи Иброҳим Раисӣ 19-уми май дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар наздикии марзи Эрон бо Озарбойҷон суқут кард. Дар натиҷа Иброҳим Раисӣ — раисҷумҳури Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён — вазири умури хориҷӣ, Молик Раҳматӣ, волии устони Озарбойҷони шарқии Эрон, Оятуллоҳ Алӣ Ҳошим — Имомҷумъаи Табрез, сарнишини чархбол бо ёвараш ва ду нафар масъулини амниятӣ дар пайи суқути чархбол ба шаҳодат расиданд.
Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон, дар марз бо Ҷумҳурии Озарбойҷон бармегашт. Ӯ дар он ҷо ҳамроҳ бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанди дарёи Аракс ширкат дошт.
Иброҳими Раисиро рӯзи 24 май дар зодгоҳаш Машҳад ба хок супуранд.
Дар маросими видоъ бо Иброҳими Раисӣ ва ҳамроҳонаш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бевосита ширкат дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад