Кремл: Русия дар канори Эрон истодааст

Сухангӯи Кохи Кремл, Эрон ва Русияро шарики якдигар тавсиф ва таъкид кард: Дар Эрон як тавофуқи комил вуҷуд дорад, ки равобит бо Русия бояд густариш ёбад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Димитрий Песков, сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия бо ишора ба шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳур ва Ҳусайн Аамирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи суқути чархбол, бо Эрон иброз ҳамбастагӣ кард.

Песков рӯзи панҷшанбе гуфт: Эрон, шарики Русия аст ва Маскав аз Теҳрон дар ин лаҳзаи сахт ҳимоят мекунад.

Сухангӯи Кремл ҳамчунин гуфт: Дар раҳбарии Эрон тавофуқи комил вуҷуд дорад, ки равобит бо Русия бояд густариш ёбад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ пештар дар бораи Раисӣ гуфта буд: Ӯ шарики қобили эътимод ва инсони бо эътимод ба нафас буд, ки манофеи миллии кишварашро дунбол мекард. Ба ваъдаҳояш амал мекарду ҳамкорӣ бо ӯ мояи хушҳолӣ буд. Агар бар сари чизе ба тавофуқ мерасидем, метавонистед мутмаин бошед, ки тавофуқот анҷом хоҳанд шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад