Боздошти беш аз 30 сокини Язгулом тавассути маъмурони амниятии Тоҷикистон

Маъмурони амниятии Тоҷикистон зиёда аз 30 сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро дастгир карда, аммо ҳеч шарҳе надодаанд.

Маъмурони амниятии Тоҷикистон зиёда аз 30 сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро дастгир карда, аммо ҳеч шарҳе надодаанд.

Ба иттилои манбаъ:

Боздошти онҳо рӯзи 16-уми май сурат гирифта, ба “омодагӣ ба харобкорӣ” гумонзад ҳастанд. Дар ҳамон шабу рӯз марзбонҳои Тоҷикистон сафари сокинони ҷумҳурӣ ва хориҷиёнро ба минтақаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла вилояти Бадахшон, маҳдуд карданд. Ин минтақа бо Афғонистон ҳаммарз аст.

Мусанниф Меҳмонов, раиси ҷамоати Язгулом, рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “12 сокини деҳаи Жамаг барои бозпурсӣ ба шаҳри Душанбе бурда шуданд.” Ӯ бо баҳонаи он ки қазия махфӣ асту онро намояндагони КДАМ ва вазорати корҳои дохилӣ таҳқиқ доранд, тафсилот надод.

Бо гузашти як ҳафта аз ин ҳодиса Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қазияро ба таври расмӣ шарҳ надодааст. Маълум нест, ки ангезаи аслӣ чист.

Расонаҳои “Pamir Inside” ва “Azda TV” рӯзи 22-юми май бо такя ба манобеи худ дар бораи боздошти камаш 35 сокини деҳаҳои Жамак ва Андарбаки Язгулом гузориш доданд.

“Pamir Inside” рӯзи 23-юми май низ бо такя ба як манбааш дар ниҳоди амниятии Тоҷикистон ангезаи “амалиёти вижа”-ро ба маъракаи густурдаи зидди ҳиҷобу рӯсарӣ пайванд дод: “Он ҷавононе, ки метавонистанд барои рейд мушкил эҷод кунанд, пешопеш боздошт шуданд.”

Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҷамоати Язгулом боздошти сокинонро ба овозаҳо дар бораи гӯё “ворид шудани гурӯҳе аз Афғонистон” рабт доданд. Камаш ду нафар дар деҳаи Жамак гуфтанд, “дар аввали моҳи май чанд сокини Язгулом аз Афғонистон ба ин тараф гузаштаанд. Мардум қасди онҳоро намедонистанд ва ба меҳмонӣ даъват карданд. Гурӯҳи дигар гуё дар 15-километрии деҳа силоҳ пинҳон намудаанд”.

Радиои Озодӣ ҳақиқат ё танҳо овоза будани масъаларо аз раиси ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ пурсид. Мусанниф Меҳмонов вуҷуди овозаҳоро тасдиқ кард, аммо дар бораи он ки оё воқеан гурӯҳе аз Афғонистон ба ҳудуди Тоҷикистон гузаштааст ё не, посух надод. Ӯ гуфт, эҳтимол ба қарибӣ навори суҳбати боздоштшудаҳо тавассути телевизионҳои давлатӣ пахш шавад ва он вақт қазия рӯшан хоҳад шуд.

Одинашо Мардзода, раиси ноҳияи Ванҷ, рӯзи 23-юми май гуфт, воқеан, чанде пеш мақомот бо мардуми Язгулом мулоқот ва суолу ҷавоб карданд.

Вай афзуд:

“Масъалаи убури чанд тан аз Афғонистон яке аз суолҳое буд, ки мақомот дар миён гузошта буданд. Ҳоло вазъ ором аст ва пурсишу таъқиб ҷой надорад”.

Як сол пеш, 26-уми апрели соли 2023, дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, ду узви “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид гардида буданд, кушта шуданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Пурзӯр шудани тадобири амниятӣ ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ барои ғайриқонунии сарҳад рабт дода мешавад.

Аз шаҳрвандони дохилию хориҷӣ даъват шудаст, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои сарҳадии ВМКБ ва вилояти Хатлон бо худ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.

Постгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади шаҳрвандон, аз ҷумла хориҷиҳоро ба минтақаҳои сарҳадӣ зери назорати ҷиддӣ мегиранд, иттилоъ дод Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии  Тоҷикистон.

Ин ниҳод аз шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва шахсони дорои мақоми бешаҳрвандӣ хостааст, муқаррароти воридшавӣ ба минтақаҳои сарҳадиро риоя кунанд. Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад