Ҳузури 50 ҳайати воломақоми хориҷӣ дар маросими гиромидошти шаҳодати Раисӣ

Ҳудуди 50 ҳайати воломақоми хориҷӣ дар маросими гиромидошти шаҳодати раисиҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон дар Теҳрон ширкат доранд.

Ба гузориши ТоҷикПресс тибқи гузоришҳо, ин маросим баъд аз зӯҳри имрӯз бо ҳузури Муҳаммад Муҳбир, иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур ва Алӣ Бақирӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷа Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад.

Дар байни иштирокчиёни хориҷӣ беш аз 10 ҳайат дар сатҳи роҳбарон, тақрибан 20 ҳайат дар сатҳи вазирон ва боқимонда дар сатҳҳои гуногун, аз қабили сарони парлумон, фиристодагони вижа ва ғайра ширкат хоҳанд кард.

Иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими таъзияи Раисӣ

Манобеи давлатии Тоҷикистон ҳам гузориш доданд, ки субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими таъзияи раисҷумуҳри Эрон, Сайид Иброҳим Раисӣ ба Теҳрон сафар кардааст.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Қобили зикр аст, ки раисҷумуҳри Эрон ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар ва ҳайате аз мақомоти ҳамроҳашон дар бозгашт аз дидор бо Илҳом Алиев, раисҷумуҳри Озарбойҷон ва ифтитоҳи садди муштараки Қизилқалъаси, дар минтақи кӯҳии Варзақони вилояти Озарбойҷони Шарқии Эрон чархболашон суқут карда ба шаҳодат расиданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад