Холисонатарин тасалиятҳоро тақдими раҳбари олии Эрон мекунем

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар паёме шаҳодати раисҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон ва ҳайати ҳамроҳи ононро ба раҳбари инқилоби Эрон тасалият гуфт ва барои ишон аз даргоҳи илоҳӣ умри тӯлонӣ масъалат кард.

Ба гузориши хабаргузории Ал-Манор, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар паёме ба Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон имом Хоманаӣ, шаҳодати Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳи вайро дар ҳодисаи суқути болгарди ҳомили онон тасалият гуфт.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар ин паём хитоб ба раҳбари инқилоб баён кард: моро дар эҳсоси андӯҳ ва фуқдони ин бузургон дар ин марҳалаи ҳассос шарик бидонед. Шумо уммати исломиро дар набарди сахти худ бо қудратҳои истикборӣ раҳбарӣ мекунед. Тамоми тасаллии хотири мо, ҳамаи ситамдидагон, муборизони муқовимат ва размндагон, умед ба ҳузури шумо ва раҳбарии ҳакимонатон аст.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идомаи ин паём тасреҳ кард: аз Худованд мехоҳам, ки умри шуморо баланд бидорад, дар таҳаммули ин фуқдон қалби шуморо ёрӣ кунад ва ба хонаводаҳои (ин шуҳадо) сабр эъто кунад.

Насруллоҳ идома дод: Ҳусайни Амир Абдуллоҳиён вазири фақиди умури хориҷаи Эрон, парчами дифоъ аз муқовиматро дар тамоми маҷомеъи байналмилалӣ ба даст дошт.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: холисонатарин тасалиятҳоро аз тарафи Ҳизбуллоҳ, размндагон, ҷонбозон, хонаводаҳои шуҳадои он ва ҳомиёни муқовимат тақдими шумо мекунам.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад