Раҳбари Эрон бар пайкари Раисӣ намоз хонд

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломии Эрон бар пайкари раисҷумҳур, вазири хориҷа ва ҳайати ҳамроҳ, намох хонданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломии Эрон дар маросими намози ҷанозаи шаҳидони ҳодисаи суқути чархболи ин кишвар ҳузур ёфта ва бар пайкари раисҷумҳур, вазири хориҷа ва ҳайати ҳамроҳ, намоз хонданд.

Маросими намози ҷанозаи Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳур ва Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ субҳи имрӯз тавассути раҳбари Инқилоби Исломии Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ баргузор шуд.

Қобили зикр аст, ки раисҷумуҳри Эрон ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар ва ҳайате аз мақомоти ҳамроҳашон дар бозгашт аз дидор бо Илҳом Алиев, раисҷумуҳри Озарбойҷон ва ифтитоҳи садди муштараки Қизилқалъаси, дар минтақи кӯҳии Варзақони вилояти Озарбойҷони Шарқии Эрон чархболашон суқут карда ба шаҳодат расиданд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад