Иштироки Раҳмон дар маросими таъзияи Раисӣ

Тибқи гузоришҳо, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими таъзия Сайид Иброҳим Раисӣ ба Ҷумуҳрии Исломии Эрон сафар кардааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, манобеи давлатӣ гузориш доданд, ки субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими таъзияи раисҷумуҳри Эрон, Сайид Иброҳим Раисӣ ба Теҳрон сафар кардааст.

Тибқи ин гузориш, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Қобили зикр аст, ки раисҷумуҳри Эрон ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар ва ҳайате аз мақомоти ҳамроҳашон дар бозгашт аз дидор бо Илҳом Алиев, раисҷумуҳри Озарбойҷон ва ифтитоҳи садди муштараки Қизилқалъаси, дар минтақи кӯҳии Варзақони вилояти Озарбойҷони Шарқии Эрон чархболашон суқут карда ба шаҳодат расиданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад