Гутерриш ба Эрон изҳори ҳамдардӣ кард

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ба Эрон дар робита ба шаҳодати Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон ва дигар мақомоти аршади ҳукумати Эрон дар садамаи фоҷеабори чархбол изҳори ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши ТоиҷикПресс, Стефан Дуҷарик, сухангӯи Гутерриш дар баёнияе гуфт: Дабири кулли СММ аз даргузашти оқои Сайид Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, оқои Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа ва ҳамкорони онҳо дар садамаи чархбол дар рӯзи 29 май андӯҳгин аст.

Вай гуфт: Гутерриш ҳамчунин ба хонаводаи фавтидагон ва ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳори ҳамдардӣ кард.

Ин чархбол баъд аз зӯҳри якшанбе дар яке аз манотиқи кӯҳистонии вилояти Озарбойҷони Шарқии Эрон суқут кардааст.

Пештар ҳам дар пайи шаҳодати раисҷумҳури Эрон, вазири корҳои хориҷии ин кишвар ва ҳайати ҳамроҳ, кишварҳои мухталиф ҳамдардии худро бо Эрон ва миллати ин кишвар иброз доштаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад