Ҳамдардии ҷаҳонӣ бо Эрон

Дар пайи шаҳодати раисҷумҳури Эрон, вазири корҳои хориҷии ин кишвар ва ҳайати ҳамроҳ, кишварҳои мухталиф ҳамдардии худро бо Эрон ва миллати ин кишвар иброз доштанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар пайи суқути чархболи ҳомили раисҷумуҳри Эрон, вазири корҳои хориҷии ин кишвар ва ҳайати ҳамроҳ, мақомот ва сиёсатмадорони кишварҳои мухталиф ин ҳодисаи талхро ба миллат ва давлати Ҷумуҳрии Исломии Эрон тасалият гуфанд.

Кишварҳои ба монанди Тоҷикистон, Узбекистон, Афғонистон, Арманистон, Русия, Италия, Ҷопон, Чин, Туркия, Ироқ, Фаластин, Яман, Сурия, Лубнон, Урдун, Қатар, Миср, Малайзия, Озарбойҷон, Тойланд, Венезуела, Ҳиндустон, Покистон, Беларус ва дигар кишварҳои мухталиф барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва миллати ин кишвар барқияи ҳамдардӣ фиристоданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумуҳри Тоҷикистон бо ирсоли барқияи ҳамдардӣ шаҳодати Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳашро ба раҳбари Эрон тасалият гуфт.

Русия эълом кард, ба нишонаи ҳамдардӣ бо дӯстони эронӣ парчами Русия ба ҳолати нима афрошта дармеояд.

Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ ҳам дар паёме шаҳодати раисҷумуҳри Эрон ва ҳайати ҳамроҳашро тасалият гуфт.

Гуруҳҳои муқовимат ба монанди Ҳизбуллоҳ, Ҳамос ва дигар кумитаҳои муқовимати исломии минтақаи Ховари Миёна ин ҳодисаи талхро ба миллату давлати Эрон тасалият гуфтанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад