Амрико ба ин натиҷа расида, ки Ҳамос, ҳазфшуданӣ нест

Пас аз инки низомиёни исроилӣ дар ҷабҳаҳои мухталиф дар баробари неруҳои муқовимати исломии Фаластин мутаҳаммили шикаст шуданд, як масъули саҳюнистӣ эътироф кард, ки Амрико ҳам қоил ба ин аст, ки қодир ба ҳазфи ҷунбиши Ҳамос нест.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, пас аз шикастҳои пай дар пайи низомиён палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза аз неруҳои муқовимати исломии Фаластин, як масъули исроилӣ эътироф кард, ки ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос ҳазфшуднӣ нест.

Рӯзномаи саҳюнистии “Maariu” ба нақл аз ин масъули исроилӣ, ки ишорае ба номаш накард, гузориш дод: «давлати Амрико ҳам ба ин воқеият расидааст, ки Ҳамос пас аз ҷанги Ғазза, аз байн нахоҳад рафт».

Вай бо баёни инки Ҳамос ба наҳви дигаре дар Ғазза ҳузур хоҳад дошт, хабар дод: «ҳадафи Амрико, тазъифи Ҳамос аст то натавонад ҳамлаи низомӣ шабеҳ ба ҳамлаи ҳафти октябр (Тӯфони Ал-Ақсо)-ро анҷом диҳад».

Дар хусуси муқовимати Лубнон ҳам, як масъули амрикоӣ ба шабакаи хабарии «Ал-Арабия» гуфт: «Вашингтон дар ҳоли ҳозир ба асли адами таниш ва ҷилавгирӣ аз густариши даргирӣ дар минтақа поибанд аст».

Вай бо ин иддао, ки Амрико ба Исроил фишор ворид мекунад то ҷанги фарогириро алайҳи Лубнон оғоз накунад, дар айни ҳол гуфт: «на Исроил ва на Ҳизбуллоҳ қасд надоранд ҷанги густурдаеро оғоз кунанд».

Бо вуҷуди идомаи ҷанги режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Ғазза ва Рафаҳ, “Рам бин Барак” узви парлумон ин режими ҷинояткор ба радио Исроил гуфт, ки «ин ҷанг, беҳадаф аст ва бидуни ҳеҷ шак ва тардиде дар он шикаст хоҳем хӯрд».

Рам бин Барак, ки муовини собиқи раиси Мусод будааст, ҳамчунин изъон кард: «маҷбӯр ҳастем, ки ҷангро дар ҳамон манотиқе оғоз кунем ва сарбозони худро аз даст бидиҳем ва дар арсаи байналмилалӣ низ шикаст бихӯрем».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад