Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни додситониҳои кулли Тоҷикистону Туркия

Додситониҳои кулли Тоҷикистон ва Туркия бо ҳадафи расидагӣ ба парвандаҳои ҷиноӣ ва пешгирӣ аз анвои ҷурмҳо, тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Додситониҳои кулли Тоҷикистон ва Туркия бо ҳадафи расидагӣ ба парвандаҳои ҷиноӣ ва пешгирӣ аз анвои ҷурмҳо, тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва Бакир Шоҳин, додситони кулли Туркия, ки дар чорчуби сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор пешгирӣ ва мубориза бо ҷурмҳои байналмилалӣ аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи инсон ва маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои созмонёфтаи фармиллӣ, ки хатари ҷиддӣ барои тамоми башарият ба ҳамроҳ доранд, мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин мавзуъҳои интиқол ва истирдоди зиндониён ва боздошти шаҳрвандони тоҷик, ки таҳти таъқиб ҳастанд, низ баррасӣ шуд.

Бо ҳадафи афзоиши короии фаъолиятҳо дар ҷараёни расидагӣ ба парвандаҳои ҷиноӣ ва пешгирӣ аз анвои ҷурмҳо, тафоҳумномае байни додситони кулли Тоҷикистон ва додситони кулли додгоҳи олии таҷдиди назари Туркия имзо шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад