Тоҷикистону Эрон иштирокоти фарҳангӣ ва адабии бисёре доранд

Раиси чоп ва нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз ҷойгоҳи адабӣ ва иштирокоти фарҳангию адабии Тоҷикистон ва Эрон гуфт.

Раҳмоналӣ Мирализода, раиси чоп ва нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт: муносиботи фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон рушд ва тавсеа ёфтааст ва чӣ басо забон, адабиёт, ҳавзаҳои адабӣ ва машоҳири онон миёни мардуми ду кишвар шинохта шудааст.

Мирализода зимни боздид аз ғурфаи маркази сомондеҳии тарҷума ва нашри маорифи исломӣ ва улуми инсонии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар 35-умин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон бо ишора ба пайвандҳои фарҳангии амиқ байни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон гуфт: муштаракоти фарҳаниги ду кишвар эҷоб мекунад, ки ҳамвора дар ҷараёни тозаҳои фарҳангӣ бошем ва дар ҷиҳати ҳамгароии бештар, ҳар рӯз гоме тоза ва рӯ ба ҷилав бардорем.

Вай таъкид кард, ки ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон аз солҳои дур токунун, иштирокҳои фарҳангӣ ва адабии бисёре доранд.

Раиси чоп ва нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба табодулоти фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи тарҷума ва нашр ишора кард ва изҳор дошт: табодулоти ду кишвар ба вижа дар ҳавзаи тарҷума ва нашри рӯ ба рушд буда ва иртиботи хубе байни ноширони ду кишвар барқарор аст. Имсол ҳам ин фурсат тилоӣ вуҷуд дорад, ки метавонад таъсирҳои хуберо дошта бошад.

Мирализода муътақид аст, ки намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон як ҷашнвораи бузург дар ҳавзаи китоб аст, зеро аз ҷиҳати вусъат ва теъдоди арзаи густардаи кутуб бо ановини мухталиф ба забонҳои гуногун метавонад заминасози ҳамкории ҳарчи бештар байни ноширон, муҳаққиқон ва адибони фарҳанги саросари дунё бошад.

Раиси чоп ва нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон илова кард: имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки муносиботи фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон рушд ва тавсеа ёфтааст ва чӣ басо, ки забон, адабиёт, ҳавзаҳои адабӣ ва машоҳири онон миёни мардуми ду кишвар шинохта шудааст.

Шоёни зикр аст, ғурфаи маркази сомондеҳии тарҷума ва нашри Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар бахшҳои «адабиёт», «динӣ ва қуръонӣ», «таърих, фарҳанг ва тамаддун», «улуми инсонӣ ва маорифи исломӣ», «шаҳид Мутаҳҳарӣ», «зиндагиномаи шаҳид Сулаймонӣ», «мақоми муаззами раҳбарӣ», «гуфтумони инқилоби исломӣ» ва «Имом Хумайнӣ(рҳ) ва инқилоби исломӣ» осори худро ба забонҳои мухталифи дунё дар намоишгоҳи китоби Теҳрон дар маърази диди умум қарор додааст.

Ҳамчунин, чандин нишасти тахассусиро ҳам дар ҷадвали барномаҳои худ гунҷондааст, ки тайи рӯзҳои мухталиф дар айёми намоишгоҳ баргузор хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад