Душанбе мизбони конфронси мубориза бо терроризм дар Авруосиё

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҳамоиши байналмилалии амниятӣ гардид, ки дар он коршиносони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия ҳузурию маҷозӣ иштирок доштанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати корҳои дохилии кишвар аз ҳамоиш дар Академияи ин вазорат бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” хабар дод.

Роҳҳои муқовимат бар зидди ҷиноятҳои муосир, доир ба пешгирии ҷинояткорӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм мавзӯи меҳварии иштирокдорони ҳамоиш арзёбӣ шуд.

Тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт аз пешниҳодот ин ҳамоиш буд.

Дар конфронс вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, ёвари президенти Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқӣ Зариф Ализода, президенти ташкилоти байналмилалии “Иттифоқи криминалистон ва криминологҳо” аз шаҳри Маскав Николай Бодров иштирок кард.

Ахиран роҳбарони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ баррасӣ карда, ҳостори таҳкими ҳамкориҳои мақомоти ду кишвар дар ин бахш шуданд.

Бояд қайд кард, имрӯза бар касе пӯшида нест, ки гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро ба абзоре барои мақомоти сиёсӣ ва давлатҳо табдил ёфтаанд ва ин ду аз ҳамдигар хадамоти мутақобил мегиранд; то замоне, ки ин ҳамкорӣ вуҷуд дошта бошад мубориза бо терроризм танҳо як иддаои холӣ ва амалӣ нашавандааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад