Бомбаборони девонавори маҳаллаҳои истиқоматии Ғазза

Ҷанг дар Ғазза дар ҳоле вориди 218-умин рӯзи худ шуда, ки бомбаборони малаллаҳои шимолии Ғазза ташдид шудааст ва ишғолгарон ба шакли девонавор хонаҳои истиқоматии шаҳри Ғаззаро ҳадаф қарор медиҳанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, 218 рӯз аз ҷанг дар Ғазза мегузарад ва дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нигарон аз юриши заминии артиши ишғолгари Исроил ба шаҳри Рафаҳ мебошад; мақомоти исроилӣ ҳамчунон ба ҳамлаи заминӣ ба ин шаҳри пур аз ҷамъияти оворагон исрор доранд. Ин дар ҳоле аст, ки ҳамалоти ҳавоии бевақфа алайҳи манотиқи мухталифи Ғазза бахусус Рафаҳ идома доштааст.

Дар ин миён ҷангандаҳои артиши Исроил аз авохири шаби гузашта то соатҳои бомдодӣ чандин хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Рафаҳ воқеъ дар ҷануби борикаи Ғазза ва ҳамчунин Урдугоҳи Ҷибилё дар шимоли Ғаззаро ҳадаф қарор доданд.

Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки даргириҳои шадиде дар маҳаллаи Аззайтуни шаҳри Ғазза субҳи имрӯз дар ҷараён будааст ва ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба бомбаборони манозил ва зерсохтҳои ин маҳалла ҳамчунон идома медиҳанд.

Дар пайи бомбаборони хонае дар Урдугоҳи Ҷибилё воқеъ дар шимоли Ғазза як хабарнигори фаластинӣ ба ҳамроҳи ҳамсару фарзандаш ба шаҳодат расид.

Бо шаҳодати ин хабарнигор шумори шаҳидони мухобира кунандаи ахбори Ғазза аз оғози ҷанг ба 143 нафар афзоиш ёфт.

Расонаҳои фаластинӣ гузориш доданд, ки дар ҳамалоти шаби гузашта ва субҳи имрӯз ба минтақаҳои мухталифи Навори Ғазза, 20 нафар шаҳид шуда ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад