Шумори шаҳидони Ғазза ба 31 ҳазору 341 нафар расид

Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза шумори шаҳидони ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба ин минтақаро аз 7 октябр ба ин сӯ 31 ҳазору 341 нафар эълом кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Ал-Маёдин, Вазорати тандурустии Ғазза омори ҷадиди шумори шаҳидон ва захмиён дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба ин минтақаро нашр кард.

Вазорати тандурустии Ғазза эълом кард: Ишғолгарон тайи 24 соати гузашта, ҳафт маврид ҷинояти ҷадид дар Ғазза муртакиб шуданд, ки бар асари он 69 нафар шаҳид ва 110 нафар низ захмӣ шуданд.

Тибқи омори Вазорати тандурустии Ғазза; шумори шаҳидони ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза аз 7-уми октябри гузашта токунун ба 31 ҳазору 341 нафар афзоиш ёфта ва шумори маҷрӯҳон низ ба 73 ҳазору 134 нафар расидааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ожонси имдодрасонӣ ва корёбии Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ эълом кард, ки токунун ба иллати сӯи тағзия, 23 кӯдак дар шимоли Ғазза ба шаҳодат расидаанд.

Режими Исроил дар 106-умин рӯз аз ҷанг алайҳи Ғазза, ҳамчунон бахшҳое аз ин минтақаро мавриди ҳамалҳои пай дар пай қарор медиҳад.

Шароити инсонии Навори Ғазза дар сояи тадовуми ҷанги режими саҳюнистӣ бо ҳамдастии бархе кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Амрико ва Англис аз ин режим ба шиддат буҳронӣ мебошад ва Телавив иҷозати вуруди кумакҳо ба ин минтақаро намедиҳад.

Бархе кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ дар давоми ду ҳафтаи ахир мақодири андаке кумакро аз тариқи ҳавоӣ барои мардуми Навори Ғазза бавижа дар шимоли ин минтақа рехтаанд, ки бисёр андак ва ҷавобгӯи ниёзи густардаи мардум нест.

Ин дар ҳолест, ки фаластиниҳо ва ҳомиёни онҳо ирсоли ин кумакҳои ҳавоиро беҳурматӣ ба мардуми Фаластин дониста ва бар лузуми фишор бар режими Исроил ва бозгушоии гузаргоҳҳои заминии Навори Ғазза таъкид мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад