КҲФ аз хатари тармафароӣ дар Суғду ВМКБ хабар дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода кишвар мегӯяд, бинобар ҷо доштани хавфи тармафароӣ шаҳрвандонро лозим аст аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар гузориш дод, ки дар чанд минтақаиТоҷикистон хавфи фаромадани тарма ҳамоно боқист.

Тибқи ин гузориш, то 11 март дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва ҳамзамон ноҳияҳои ғарби ВМКБ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Бинобар ин, кумита аз шаҳрвандон хост, то ин муддат аз сафари бидуни зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Қаблан ин ниҳод хабар дод, ки дар рӯзҳои хавфи омадани тарма дар роҳҳои кӯҳӣ постгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд, то сари вақт ба ронандагон ва мусофирони дармонда кумак расонанд.

Ба гузориши Спутник, имрӯз то чанд муддат роҳ самти шимоли мамлакат, бинобар фаромадани 5 тармаи хурду калон масдуд буд.

Ширкати IRS, ки масъулияти нигаҳдории ин роҳро ба ӯҳда дорад, хабар дод, ки аввал роҳ барои мошинҳои сабукрав баъди қисман поксозии роҳ боз шуд ва сипас пас аз пурра тоза шудани роҳ ҳамагуна нақлиёт имкони сафар ба Суғд ва ё Душанберо пайдо намуданд.

Қобили зикр аст, ки ҳолатҳои фаромадани тарма дар Тоҷикистон имсол бисёр аст, вале хушбахтона то ҳол ин офатҳои табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надоштанд. Дар ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон бошад, мутаассифона беш аз 30 нафар қурбонии тармафароӣ гардида, ҳамчунин ҳамин теъдоди дигар ҷароҳату осеб диданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад