Теҳрон ва Риёз дар пайи маҳори ҷанг алайҳи Ғазза, пайванди худро тақвият кардаанд

Коршиносон бо ишора ба эҳёи равобити Теҳрон ва Риёз бар ин боваранд,, ки Эрон ва Арабистон бо афзоиши равобит дар пайи маҳори ҷанги Исроил алайҳи Ғазза, пайванди худро тақвият кардаанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Шоҳзодаи Саудии 38-сола пас аз ба қудрат расидан, ки бо ошуфтагӣ ҳамроҳ буд, ҷангеро дар кишвари Яман оғоз ва Қатарро бойкот кард, аммо аз он пас, рӯйкарди оштиҷӯёнатареро иттихоз кардааст, ки бо тавофуқи оддисозии равобит бо Эрон, ки дар 10 марти 2023 эълом шуд, ба авҷи худ расид.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин кор, тамаркуз бар ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии баландпарвозона будааст, ки ангезаи аслии он, омода кардани Арабистони Саудӣ ба унвони бузургтарин содиркунандаи нафти ҷаҳон барои муваффақият пас аз нафт будааст; руъёе, ки агар ҷанги кунунӣ дар Ғазза нуқоти васеътареро дар ин минтақа фаро гирад, аз байн меравад.

Ба бовари коршиносон, Риёз токунун муваффақ шуда дар ҳоле, ки аз ормони Фаластин ҳимоят мекунад, худро аз ҷанг дур кунад.

Азиз Ал-қошиён, таҳлилгари Саудӣ мегӯяд: “Эрон ва Арабистон асосан нишон додаанд, ки душмани якдигар нестанд. Ҳатто агар ҳамеша бадгумонӣ (нисбати якдигар) вуҷуд дошта бошад, ин робита дубора танзим шудааст.

Теҳрон-Риёз
Сафари вазири корҳои хориҷии Арабистон ба Теҳрон

Бо вуҷуди ихтилофи назар миёни Теҳрон ва Риёз бар сари даргириҳои минтақавӣ, аз Сурия гирифта то Лубнону Ироқ, аммо ду тараф дар мафоди тавофуқи оддисозии равобит хостори бозгушоии сареъи намояндагиҳои дипломатик ва иҷрои тавофуқномаҳои ҳамкории амниятӣ ва иқтисодӣ шуданд, ки беш аз 2 даҳа пеш имзо шуда буд.

Имтиёзи дигари он низ ба зудӣ мушаххас шуд, аз ҷумла замоне, ки каме беш аз як моҳ пас аз имзои ин тавофуқ, 65 эронӣ аз тариқи киштӣ аз Судони ҷангзада ба шаҳри бандарии Ҷаддаи Арабистони Саудӣ дар Баҳри Сурх фирор карданд ва бо истиқболи чаҳор дипломати эронии тозаворид мувоҷеҳ шуданд.

Ин тавофуқ ҳамчунин бозгашти Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия ба унвони муттаҳиди наздики Эрон ба миёни кишварҳои арабиро тасҳил кард, иттифоқе, ки пеш аз он ғайримуҳтамил буд ва ба ҳузури ӯ дар нишасти Иттиҳодияи араб, барои аввалин бор дар беш аз як даҳаи гузашта маҳдуд шуд.

Ҳудо Рауф, раиси барномаи Эрон дар Маркази мутолиоти стротежики Миср дар Қоҳира изҳор дошт: “Гомҳои бардошта шуда аз сӯи ду кишвар хуб аст, аммо тавофуқ ҳамчунон ниёзманди иқдомоти эътимодсози зиёде мебошад.

Теҳрон-Риёз
Дидори Асад ва Бен Салмон дар Арабистон

Ҳамчунин боризтарин намуна аз натоиҷи тавофуқ бо Эрон, ҷанги Яман аст, ки Арабистони Саудӣ дар соли 2015 бо роҳандозии як эътилоф барои сарнагунии Ансоруллоҳ, онро оғоз кард. Ин ҷанг садҳо ҳазор нафарро ба таври мустақим ба далели ҷанг ё ба далоили ғайримустақим, монанди камбуди ғизо ба коми марг кашондааст.

Пас аз эъломи беҳбуди равобити Эрону Арабистон интизорҳо барои як оташбаси пойдор дар Яман афзоиш ёфт ва ҳайатҳои Саудӣ ва Ансоруллоҳ дидорҳои тиҷорӣ доштанд.

Аммо дар ҳоле, ки оташбасе, ки барои аввалин бор дар апрели 2022 барқарор шуд, бар хилофи итмоми таърихи расмии он пас аз 6 моҳ то ҳадди зиёде барқарор аст, ба назар мерасад, ки раванди сулҳ мутаваққиф шудааст.

Ансоруллоҳ барои эъломи ҳамбастагӣ бо фаластиниён ҳамалотеро ба киштиҳои тиҷорӣ дар Баҳри Сурх оғоз карданд. Нооромиҳо дар минтақаи Баҳри Сурх, аҳдофи иқтисодӣ ва гардишгарии Риёзро таҳдид мекунад, ҳарчанд, ки аз такрори ҳамалоти худ дар хоки Арабистон иҷтиноб кардаанд ва Арабистони Саудӣ ба эътилофи амрикоӣ барои ҳифозат аз обҳои Баҳри Сурх напайвастааст.

Теҳрон-Риёз
Дидори Раисӣ ва Бен Салмон дар Арабистон

Таҳлилгарон мегӯянд Эрону Арабистон бо афзоиши иртиботот барои маҳори ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, пайванди худро тақвият кардаанд. Ин таҳаввулот мунҷар ба аввалин тамоси телефонии валиаҳди Саудӣ ва Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон, танҳо панҷ рӯз пас аз оғози ҷанг ва сафари Раисӣ ба Арабистон дар моҳи ноябр барои ширкат дар нишасти Созмони ҳамкории исломӣ шуд.

Ал-қошиён хотир нишон кард: “Бале, танишҳое (миёни ду тараф) вуҷуд хоҳад дошт ва фикр мекунам ҳеҷ кас тасаввур намекард, ки ҳеҷ танише вуҷуд надошта бошад, аммо ин ки онҳо дар мавриди он суҳбат мекунанд, чизе аст, ки манофеи стротежики зиёде ба ҳамроҳ дорад”.

Ба эътиқоди коршиносон, агар ин тавофуқ сурат намегирифт, ихтилоф байни Арабистон ва Эрон метавонист эҳтимоли бурузи як даргирии минтақавии густардатарро афзоиш диҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад