Тазоҳуроти густурда алайҳи Нетаняҳу дар Телавив

Ҳазорон нафар рӯзи шанбе бо баргузории тазоҳуроте дар маркази Телавив хостори интихоботи зудҳангом ва барканории Нетаняҳу аз қудрат шуданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, сокинони сарзаминҳои ишғолӣ шомгоҳи шанбе тазоҳуроти густурдаеро алайҳи “Бенямин Нетаняҳу” нахуствазири ин режим баргузор карданд.

Тазоҳурот кунандагон аз манотиқи мухталифи Телавив ба сӯи майдони маркази фарҳангӣ дар маркази ин шаҳр роҳпаймоӣ худро баргузор карданд.

Тазоҳурот кунандагон шиорҳоеро назири «Интихоботи зудҳангом фавран» сар медоданд.

Тазоҳуроти дигаре низ дар шаҳри Ҳайфои ишғолӣ баргузор шуда ва тазоҳурот кунандагон шиорҳоеро алайҳи Нетаняҳу сар медоданд.

Назарсанҷии нави рӯзномаи «Maariv» нишон медиҳад, ки агар ҳамакнун интихоботи саросарӣ дар Фаластини ишғолӣ баргузор шавад, курсиҳои ҳизби Ликуд дар парлумони ин режими ҷинояткор ба 16 курсӣ коҳиш меёбад.

Аз сӯи дигар, теъдоди курсиҳои ҳизби «Бенни Гантс» вазири ҷанги пешини ин режим дар Кнессет низ ба 36 мерасад ва 52 дарсад аз саҳюнистҳо хостори нахуствазирии Бенни Гантс ҳастанд.

Бо ин ҳол фақат 32 дарсад аз ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ хостори тадовуми нахуствазирии «Бенямин Нетаняҳу» буда ва 57 дарсад ҳам ҳомии ташдиди эътирозоти хонаводаҳои усарои саҳюнистӣ алайҳи ӯ ҳастанд.

Ин шабака гузориш дод, ки эътилофи аҳзоби кобинаи кунунии Телавив дар интихоботи ҷадид, аксарияти Кнессетро аз даст медиҳанд зеро теъдоди курсиҳои онҳо маҷмӯан аз 44 адад бештар намешавад.

Дар тарафи муқобил, ҳизбҳои мухолифи Нетаняҳу, аммо бо дастёбӣ ба 66 курсӣ аз 120 курсии Кнессет, ба аксарияти парлумонии ин режим даст пайдо мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад