Аз 729 корхонаи сохта шуда дар Тоҷикистон  550 адад аз кор мондааст

Президенти Тоҷикистон аз фаъолият мондани корхонаҳоро боиси нигаронӣ хонда, ба масъулин дастур додааст, ки пеши роҳи онро бигиранд.

Президенти Тоҷикистон аз фаъолият мондани корхонаҳоро боиси нигаронӣ хонда, ба масъулин дастур додааст, ки пеши роҳи онро бигиранд.

Ба гузориши манбаъ:

Cоли 2023 дар Тоҷикистон 550 корхонаи саноатӣ аз кор бозмондаанд.

Бештари чунин корхонаҳо дар вилояти Хатлон буда, шумори онҳо ба 151 адад мерасад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад 132, шаҳри Душанбе 126, вилояти Суғд 123 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 18 корхонаи саноатӣ умуман фаъолият накардаанд.

Дар ин бора президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласае таъкид намуда, гуфт ки агар барои ислоҳи чунин вазъият чораҳои фаврӣ андешида нашаванд, барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар монеаи ҷиддӣ пеш меояд.

Ӯ муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор кард, ки ин равандро пешгирӣ кунанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин давра 729 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст, аммо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо иҷрои супоришҳои додашуда оид ба ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ таъмин нагардидааст.

Ба ин рӯйхат шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Тоҷикобод, Нуробод ва Сангвор дохил мешаванд, ки дар он ҷой ягон корхонаи саноатӣ таъсис дода нашудааст.

Суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023-юм бошад, ба гуфтаи сарвари давлат 12% таъмин гардидааст, ки аз нишондиҳандаи мақсаднок 8 банди фоизӣ (20 фоиз) кам аст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз 43 фоиз, Панҷ 25 фоиз, Бохтар 12, Гулистон 7,4, Сангвор 5,9 ва Роғун 4,5 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли баъзе молҳои саноатӣ аз ҷумла, ангишт 13%, ҷуроб 32, газвор 4, қолин 10,3, пӯсти коркардшуда 33,5, пойафзол 8,7 ва либоси мактабӣ 5,4% кам гардидааст.

Президент аз он нигаронӣ кардааст, ки бинобар иҷро накардани супоришҳояш қисми зиёди маҳсулоти саноатие, ки имконияти истеҳсоли пурраи онҳо дар кишвар вуҷуд дорад, то ҳол аз хориҷи кишвар дар ҳаҷми калон ворид карда мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Соли ҷорӣ дар ҷануби Тоҷикистон шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 800 адад расида, дар назар аст, ки тайи солҳои наздик 200 корхонаи дигар дар назар аст.

То охири соли 2026 сохтмони зиёда аз 200 корхонаи нав дар вилояти Хатлон пешбинӣ гардидааст.

Дар ин бора ноиби раиси вилоят, Заробиддин Файзуллозода дар суҳбат бо нашрияи расмии “Хатлон” иттилоъ додаст.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла, корхонаҳои гӯгирдбарорӣ, ҷӯроббарорӣ, гипсокартон, шифербарорӣ, филтрҳои гуногун барои нақлиёт, маҳсулоти ширӣ, корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ, дӯзандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Вахш, Бохтар, Шаҳритус, Ёвон дар арафаи анҷомёбист.

Вай тавзеҳ додаст, ки умуман дар доираи солҳои рушди саноат – 2020-2026-ум сохтмони 500 адад корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шуда буд.

Вай изҳор дошт:

“Аз ин соли 2020-ум 37 корхона, соли 2021-ум 123 коргоҳу корхона, соли 2022-ум 106 корхона, 22 коргоҳ ва дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 90 корхона сохта, ба истифода дода шуданд”.

Вай таъкид кардаст, ки дар корхонаҳои навбунёд зиёда аз 4 ҳазор шаҳрванди вилоят бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Корхонаҳои вилоят дар самти маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, равған, макарон, коркарди гӯшти мурғ, истеҳсоли орд, панир, матоъ, трикотаж, пойафзол, докаи тиббӣ, мебел, нахи пахта, маҳсулоти ширӣ, яхмос, банду басти писта, мош, наск, нахӯд ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ фаъолият доранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад