Суханронии сафири ҶИЭ дар нишасти “Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ” дар Душанбе

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар нишасти “Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ширкат ва суханронӣ намуд.

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ин нишаст, ки хонум Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг ва дигар мақомоти зирабти кишвар ва ҳамчунин сафирони кишварҳои узви ин созмон ҳузур доштанд, тайи суханоне изҳор дошт: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тамаддуни чандҳазорсолаи худ маҳалли баҳамоии фарҳангҳову тамаддунҳо буда ва ба таомулу тафоҳуми миёни мардуми нуқоти мухталиф ҳамвора таъкид доштааст.

Ҳақиқиён афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон дорои суннатҳои ғанӣ, адабиёт, шеър ва ҳунар аст, ки зебоӣ ва умқи фарҳангро мунъакис мекунад. Эрон бар мубодилоти омӯзишӣ, донишгоҳӣ ва эҷоди бурсияҳову барномаҳои таҳқиқотии муштарак дар СҲШ барои ташвиқи донишҷӯёну донишпажӯҳон таъкид доштаву омодаи ҳамкорӣ дар ин арсаҳо мебошад.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон изофа кард бо тавваҷуҳ ба ин ки ҳамкории иқтисодӣ масири дигаре барои табодули фарҳангҳо мебошад, Эрон бо иқтисоди пӯё ва мавқеияти роҳбурдии худ муштоқи мушорикат дар пружаҳои иқтисодӣ дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай аст.

Ҳақиқиён афзуд, Эрон бо бархӯрдорӣ аз мироси ғанӣ ва танаввуи ақвому фарҳангҳо метавонад ба густариши дӯстӣ ва ҳамоҳангӣ дар ин созмон кумак кунад.

Ҳақиқиён гуфт, бо тақвияти табодули фарҳангӣ, тарвиҷи танаввуи забонӣ, ҳимоят аз талошҳои ҳунарӣ ва сармоягузорӣ дар омӯзиш ва ҳамкории иқтисодӣ метавонем ояндаеро бисозем, ки мардуми минтақа бо ҳам дар зиндагии мусолиматомезу дарки мутақобил рушд кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад