Шиллики 11 ҳазор ракет ба Исроил аз 7-и октябр

 Шабакаи 12-и режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки аз 7-и октябр 11 ҳазор ракет ва мушак ба сӯи сарзаминҳои ишғолӣ шиллик шудааст.

Шабакаи 12-и режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки аз 7-и октябр 11 ҳазор ракет ва мушак ба сӯи сарзаминҳои ишғолӣ шиллик шудааст.

Ин шабакаи исроилӣ илова кард, ки аз ин теъдод, 9 ҳазор мушак аз Ғазза ва 2 ҳазор мушак аз Лубнон ба сӯи сарзаминҳои ишғолӣ шиллик шудааст.

Ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи борикаи Ғазза дар ҳоле идома дорад, ки гузоришҳо ҳокӣ аз афзоиши таниш дар кобинаи Исроил хабар медиҳанд.

Расонаҳои ибризабон бомдод якшанбе аз қаҳр кардани Галант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ва ширкат накардани вай дар ҷаласаи кобинаи ҷанги ин режим хабар доданд.

Шабакаи 12-и телевизиони режими саҳюнистӣ дар ин бора гузориш дод, ки дар садумин рӯзи ҷанги Ғазза, муҳофизони амниятии Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири ин режим аз вуруди мудири ситоди вазорати ҷанги ин режим ба ҷаласаи кобинаи ҷанг ҷилавгирӣ карданд.

Бар асоси ин гузориш, Галант ҳам хитоб ба Нетонёҳу гуфт, ки “ту дар ҳоли дахолат кардан ба кори ман ҳастӣ” ва ҷаласаи кобинаи ҷанги режими саҳюнистиро тарк кард.

Аз сӯи дигар Либерман, вазири ҷанг ва вазири хориҷаи собиқи режими саҳюнистӣ гуфт, ки кобинаи кунунӣ тавоноии раҳбарии мардумро надорад ва бояд кобинаи ҷадиде ташкил шавад.

Либерман, ки раиси ҳизби Исроил Битано буда, илова кард: “худдории Галант (вазир ҷанг) аз ҳузур дар кобинаи ҷанг, шароити сатҳи поинӣ аст, ки қаблан ҳаргиз бо он мувоҷеҳ нашуда будем.”

Режими ишғолгар баъд аз гузашти 100 рӯз аз таҷовуз ба Навори Ғазза, аз рӯи амд, маҳаллаҳои маскунӣ ва мардуми Фаластинро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор додааст.

Артиши Исроил аз ҳафтуми моҳи октябр ҳамлаҳои вайронгареро алайҳи Навори Ғазза оғоз карда, ки сабаби вайрон шудани бисёре аз зерсохтҳои ин минтақа бахусус зерсохтҳои беҳдоштӣ ва дармони Ғазза шудааст.

Аксари мардуми Ғазза пас аз вайрон шудани хонаҳояшон дар ин ҳамлаҳои овора шудаанд ва дар бемористонҳо, мадрасаҳо ва чодарҳо зиндагӣ мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад