Ҷинояти террористӣ дар Кирмон; намоди ноумедии ғарб дар муқобили ҷабҳаи муқовимат

Кишварҳои аврупоӣ ва муттаҳидонаш ҳамеша талош карданд, ки аз ҳам ҷиноятҳои Исроил ҳимоят кунанд ва ҳам чеҳари ҷинояткори худро пинҳон доранд. 

Бетардид стратегистҳои ғарбӣ тамоми гузинаҳои мумкин ҳатто террор ва куштори мардуми бедифоъро дар ҷиҳати ҳимояти тамомқад аз режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин пинҳон кардани ҷиноятҳои он ва ноамнсозии минтақа мавриди таваҷҷуҳ қарор додаанд ва амалиёти террористӣ дар Кирмон як намунаи он мебошад.

Ҳусейн Асубалиев, мудири Муассисаи мутолиоти сиёсии байналмилалӣ зимни ёддоште, ба далелҳо ва ангезаҳои ҳамлаи террористӣ ба маросими чаҳорумин солгарди шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ дар Гулзори Шуҳадои Кирмон пардохт. Дар ин ёддошт омадааст, ки ташдиди фаъолиятҳои террористӣ ҳамеша нишонаи нотавонӣ аст. Бетардид пушти ду инфиҷори террористӣ дар масири Гулзори Шуҳадои Кирмон, ки даҳҳо шаҳид ва беш аз 280 маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, ғарб ва режими саҳюнистӣ қарор дошта ва барои муқобила бо ҶИЭ ғайр аз тавассул ба иқдомоти террористӣ, тавононии кори дигаре надоранд. Гузашта аз он қурбонӣ шудани теъдоди болое аз афроди бегуноҳ ҳеҷ гоҳ натанҳо монеи чунин иқдомоти ғарбиҳо нашуда, балки онҳоро мусаммам ба анҷоми фаъолиятҳои террористиӣ бо ҳадафи эҷоди тарсу ваҳшат дар миёни мардуми Эрон карда, ки албатта ҳеҷгоҳ натиҷаи ончи интизоршонро будааст, ба ҳамроҳ надоштааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид ба коргирии техникҳои мушобеҳ дар Ғазза таҳти муҳосира аст, ки режими саҳюнистӣ ба шакли барномае ба қатл ва куштори ғайринизомиён идома медиҳад. Гулӯлаборони шаҳри Белгород тавассути Украина низ, ки сабаби кушта ва захмӣ шудани теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз мардуми оддӣ шуд, дақиқан дар ҷиҳати таҳаққуқи сиёсати эҷоди рӯъб ва ваҳшат аст.

Оё бо анҷоми чунин ҳамалоти террористии мардуми Эронро метавон тарсонд? Оё чунин иқдомоте сабаби тағйири мавзеи Эрон дар мавриди масоили муҳими равобити байналмилал хоҳад шуд? Қатъо на! Ҳамонгуна, ки шаҳодати сардори Қосими Сулаймонӣ натанҳо азм ва иродаи Эрон барои адолатхоҳӣ ва ҳимоят аз мусулмонон ва мазлумони ҷаҳонро заррае мутазалзил накард, ин бор ҳам тири душман ба санг хоҳад хӯрд.

Куштори ғамангези мардум тайи маросиме, ки ба ёду хотира сардор Қосими Сулаймонӣ, яке аз шахсиятҳои барҷастаи низомӣ ва сиёсӣ натанҳо дар шарқ, балки ҷаҳони муосирро даври ҳам ҷамъ карда буд, як трагедии боварнакарданӣ нҳтанҳо барои мардуми Эрон аст, балки барои ҳамаи миллатҳо ва кишварҳое, ки дорои арзишҳои муштараке дар масъалаи мубориза барои адолати ҷаҳонӣ ҳастанд.

Барои бисёре аз коршиносони байналмилалии ин нукта сароҳат дорад, ки режими саҳюнистӣ ва ғарб ба думболи эҷод ва афзоиши танишҳо дар Ховари Миёна ҳастанд, то муваффақ ба инҳирофи таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ҷиноятҳои Телавив, алайҳи Фаластин шаванд, ҷиноятҳое, ки тайи се моҳи ахир барои як лаҳза ҳам мутаваққиф нашудааст.

Дар ростои ин аҳдоф, талошҳои зиёде барои таҳрики Эрон дар ҷиҳатҳои мухталиф анҷом мешавад, ки ба унвони намуна метавон ба вазъияти Қафқози ҷанубӣ (наздик шудани Арманистон ба ғарб), таҳаррукҳои мухталиф дар Халиҷи Форс, талошҳое барои ташдиди вазъияти Яман ва муҳимтар аз ҳама иқдомоте дар ҷиҳати заминасозии даргирии мустақим бо Исроил, ки ба ночор пойи Амрикоро ҳам ба майдон хоҳад кашонд, ишора кард. Стратегистҳои ғарбӣ бидуни шак ҳамаи ин гузинаҳоро танҳо ба хотири наҷоти режими саҳюнистӣ ва пинҳон кардани ҷиноятҳои он алайҳи мардуми Фаластин мавриди таваҷҷуҳ қарор додаанд.

Бинобарин бадеҳӣ аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо хунсардӣ ва ҳушёрии ҳисобшуда, тактики иқдомоти худро интихоб мекунад, ки дар ҳақиқат иқдоми бисёр оқилонае аст. Аммо бадеҳи аст, ки ҶИЭ дар чолишҳое гуногун, посухҳои кӯбандае додааст ва посух ба амалиёти террористӣ дар Кирмон ҳам дар фурсати муносиб дода хоҳад шуд.

Ба бовари таҳлилгарон, тавони низомии Эрон монеи ҷиддӣ дар баробари барномаҳои Ховари Миёнаии Амрико ва Телавив аст. Бадеҳӣ аст, ки тақвияти таомул ва ҳамкориҳо миёни Теҳрон ва Маскав дар фазои АвруОсиё ва албатта роҳбурди нигоҳ ба шарқ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мавонеи бештаре барои ғарб дар ҷиҳати муқобила бо Эрон эҷод кардааст. Ин масъала фақат маҳдуд ба омили низомӣ набуда, балки арсаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, энергетка ва ғайраро низ дар бар мегирад.

Албатта бидуни тардиди барномаҳои баландмуддате дар ростои иқдомот талофиҷӯёна дар дастури кор қарор гирифта, ки ин иқдомот барои манофеи мустақим ё ғайримустақими Амрико ва режими саҳюнистӣ натанҳо дар Ховари Миёна, балки дар дигар минатақаҳои дунё ҳам бисёр дарднок тамом хоҳад шуд.

Бо ин ҳол як нуктаи дигар ҳам равшан аст, ки талошҳо барои эҷоди тарсу ваҳшат ва анҷоми ҳамлаҳои ҷадиди террористӣ мумкин аст ташдид шавад. Мубориза бо терроризм ва решакан кардани он фароянди тӯлонимуддат ва пурзаҳмат аст. Дар ин росто талошҳои кишварҳое монанид Русия ва Чин дар ҷиҳати шаклгирии дунёи чандқутбӣ, натанҳо ба маънои эҷоди ҷаҳони одилонатар, балки амнтар ҳам аст, ки Эрон ҳамакнун нақши фаъоле дар ин масъала ифо мекунад.

Сардор Қосими Сулаймонӣ барои ҷаҳони ҷадид ва одилона ҷангид ва дар ин роҳ ҷони ширини худро фидо кард, ки озодихоҳони ҷаҳон қадрдони ин ҳиммати баланду холисонаи Ӯ ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад