Изҳори нигаронии Фаронса аз идомаи ҳамалоти саҳюнистҳо ба Навори Ғазза

Взорати хориҷаи Фаронса гуфт, ки давлати Париж аз иттилоияи Телавив мабни бар инки ҳамалот ба Навори Ғаззаро ташдид ва ҷанг бо ҷунбиши исломии Ҳамосро мутаваққиф намекунад, шадидан нигарон аст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати хориҷаи Фаронса бомдоди чаҳоршанбе нисбат ба тӯлонишудани ҷанг дар Навори Ғазза ва тадовуми ҳамалоти режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба манотиқи мухталиф дар ин борика ибрози нигаронӣ кард.

Ин вазоратхона тайи баёнияе гуфт, ки давлати Фаронса аз иттилоияи Телавив мабнӣ бар инки ҳамалот ба Навори Ғаззаро ташдид ва ҷанг бо ҷунбиши исломии Ҳамосро мутаваққиф намекунад, шадидан нигарон аст.

Дар ин баёния омадааст: «Мо бори дигар бар дархости худ барои таваққуфи фаврии даргириҳо, ки ба оташбаси доимӣ мунтаҳӣ шавад, таъкид карда ва бомбаборони системотики [Ғазза], ки мунҷар ба кушташудани теъдоди зиёде аз ғайринизомиён дар рӯзҳои ахир шударо маҳкум мекунем».

Пеш аз ин низ “Сайф Магано”, сухангӯи дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе аз густариши амалиёти режими Исроил ба маркази Ғазза ибрози нигаронӣ карда буд.

Гузоришҳо баёнгари он аст, ки  неруи ҳавоӣ артиши режими палид ва ҷинояткори Исроил дар рӯзҳои 24 ва 25 декабр беш аз 50 ҳамлаи ҳавоӣ ба маркази Ғазза анҷом дод ва аз ҷумла се урдугоҳи паноҳндагонро ҳадаф гирифт ва бисёреро шаҳид ва захмӣ кард.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил алорағми мухолифатҳои ҷаҳонӣ бо амалиёти ин режим дар Ғазза, ки ба кушташудани наздик ба 21 ҳазор фаластинӣ ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафари дигар мунҷар шуда рӯзи гузашта эълом кард, ки ҷанг тайи рӯзҳои оянда ташдид хоҳад шуд.

Ҷанг дар Ғазза аз рӯзи 7 октябр оғоз шуд, баъд аз онки ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин, Ҳамос дар посух ба ҳафтод сол ҷурму ҷиноят ва  ишғолгарии ин режими хуношом, амалиёти мавсум ба “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро алайҳи Исроил оғоз кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад