Раиси собиқи низомиёни саҳюнистӣ: ҷанг дар Ғаззаро бохтем!

Раиси собиқи ситоди артиши режими саҳюнистӣ эътироф кард, Исроил ҷангро ба Ҳамос бохта ва пирӯзии мо дар барканор кардани Бенёмин Нетонёҳу аз мансаби нахуствазирӣ мебошад.

Раиси собиқи ситоди артиши режими саҳюнистӣ эътироф кард, Исроил ҷангро ба Ҳамос бохта ва пирӯзии мо дар барканор кардани Бенёмин Нетонёҳу аз мансаби нахуствазирӣ мебошад.

Шабакаи 14-и телевизиони режими саҳюнистӣ эълон кард, дон Ҳолутс раиси собиқи ситоди артиши Исроил дар гуфтугӯ бо фаъолони мухолифи ҷанг эълон кард, мо ҷангро бохтаем ва танҳо муваффақият ва пирӯзие, ки имкони он вуҷуд дорад он аст, ки Нетонёҳуро аз муқобили худ бардорем.

Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, Исроил дар остонаи ҷанги хиёбонӣ аст, ки як тарафи он шебҳи низомиён Ибни Гуер хоҳанд буд.

Яшой Фридмен, хабарнигори ин расонаи наздик ба Нетонёҳу дар гузорише дар ин бора гуфт: гуфтугӯи Ҳолутс бо фаъолони зиддиҷанг дар Ҳайфоро забт шуда дар ихтиёр дорад, ки дар он таъкид мекунад: мо ҳатто сояи як пирӯзиро ҳам нахоҳем дошт, чун шароит ва чеҳраи воқеии Исроил аз даст рафтааст.

Ба гуфтаи Ҳолутс то ба ҳол беш аз 1300 кушта ва 2400 рубудашуда дорем, бархе аз онҳо бозгаштанд, аммо набояд фаромӯш кард, ки беш 200 ҳазор нафар овора дар дохили Исроил вуҷуд доранд, дар чунин шароите танҳо пирӯзие, ки метавон дошт он аст, ки нахуствазирро аз қудрат барканор кунем.

Ба гузориши ин хабарнигор, суханони Дон Ҳолутс бо ташвиқи густардаи ҳозирон мувоҷеҳ шуд, Ӯ дар миёни ташвиқи ҳозирон таъкид кард бояд бидуни ҳеҷ таъхире Нетонёҳуро канор зад, ин чизе аст, ки шумо ва миллион нафар дар Исроил хоҳони он ҳастанд.

Раиси собиқи ситоди артиши режими саҳюнистӣ дар ин нишаст ҳамчунин нисбат ба ҷанги хиёбонӣ ва дохилӣ дар Исроил ҳам ҳушдор дод ва гуфт: мо вориди даргирии сахте хоҳем шуд, агар мо мухолифони ҷанг ба муваффақият даст пайдо кунем, бояд интизори ҷангу хунрезт дар хиёбонҳо бошем, чун шебҳи низомиёни Ибни Гуер дар муқобили мо қарор мегиранд, вале мо наметавонем ба далели ин воқеиятҳо таслим шавем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад