Коҳиши доллару евро ва болоравии рубл дар Тоҷикистон

Қимати рубл нисбат ба сомонӣ дар бозори арзи Тоҷикистон гаронтар шуда, аммо асъори тоҷикӣ дар биржаи Маскав боз каме поинтар рафтааст.

Қимати рубл нисбат ба сомонӣ дар бозори арзи Тоҷикистон гаронтар шуда, аммо асъори тоҷикӣ дар биржаи Маскав боз каме поинтар рафтааст.

ба гузориши манбаъ:

Асъори русӣ дар Тоҷикистон нисбат ба пули миллӣ гаронтар шудааст.

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 121,8 сомонӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки қабл аз дар оғози ҳафта он 119,9 ва қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 118,2 сомонӣ қимат дошт.

Асъори русӣ сар аз ноябр, пас аз онки Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд, каме тақвият ёфта, аз 108 сомонӣ барои 1000 рубл гаронтар мешавад.

Аммо дар ҳамин ҳол, қимати евро ва доллар пас аз муддатҳо гаронӣ каме коҳиш ёфтааст.

Агар ду рӯзи қабл бар ивази ҳар доллар 10.9655 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9634 сомонӣ медиҳанд.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 11.8196 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл қурби ҳар евро 11.8416 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.

Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9634 то 10.9500 сомонӣ, 1 евро аз 11.8196 то 11.9500 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 121,7 то 121,8 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.

Дар ҳамин ҳол поинравии қурби сомонӣ дар бозори арзи Русия идома дорад. Асъори тоҷикӣ дар як рӯз 2,8 рубл арзон шуда, ҳоло дар Маскав бар ивази 100 сомонӣ 819,9 рубл медиҳанд.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.

Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар Тоҷикистон дигарбора қурби пули русӣ дар баробарии сомонии тоҷикӣ башиддат поин меравад.

Чунин вазъро дар арзномаи Бонки миллии Тоҷикистон метавон мушоҳида кард.

Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 118,8 сомонӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл 1000 рубл 119,6 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Асъори русӣ ахиран, пас аз онки Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд, каме тақвият ёфта, тайи чанд ҳафта ба ин су аз 108 сомонӣ барои 1000 рубл гаронтар мешуд. Аммо дигарбора ҳоло рӯ ба коҳиш дорад.

Қурби арзи аврупоӣ низ каме поин рафтааст. Ба гузориши Бонки миллӣ ҳоло барои ҳар евро 11.8266 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш як евро ба 11.8696 сомонӣ баробар буд.

Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ боз беҳтар шудааст. Агар қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ бар ивази 1 доллар 10.9569 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9617 сомонӣ медиҳанд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.

Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9617 то 10.9500 сомонӣ, 1 евро аз 11.8266 то 11.9300 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 118,8 то 119 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.

Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад