Афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз тариқи марзҳои шимолии Афғонистон ба Осиёи Марказӣ

Ёфтаҳои Созмони Милали Муттаҳил аз вазъи қочоқи маводи мухаддир аз тариқи марзҳои шимолии Афғонистон ба Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки қочоқбарон дар талоши онанд, то навъҳои маводи мухаддири қочоқиро дар ин роҳ тағйир диҳанд.

Ёфтаҳои Созмони Милали Муттаҳил аз вазъи қочоқи маводи мухаддир аз тариқи марзҳои шимолии Афғонистон ба Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки қочоқбарон дар талоши онанд, то навъҳои маводи мухаддири қочоқиро дар ин роҳ тағйир диҳанд.

Масъулон дар Идораи Мубориза бо Маводи Мухаддири Соэмони Милали Муттаҳид дар Ҷануби Осиё мегӯянд, дар гузашта Эрон бузургтарин роҳи қочоқ ва манбаи бузурги кашфу забти маводи мухаддири қочоқӣ аз Афғонистон буд, аммо дар солҳои ахир Узбекистон ва Тоҷикистон низ ба роҳҳои бузурги қочоқи маводи мухаддир мубаддал шудаанд.

Хонум Ашита Миттал, намояндаи Идораи Мубориза Бо Маводи Мухаддири Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ ҳангоми суханронӣ дар нишасти амниятии Ҳирот дар Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта ва рӯзи 28-уми ноябр гуфт, қочоқи шиша (навъи синтетикии маводи мухаддир) аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст:

“Маълумот дар робита ба мизони кашфи маводи мухаддир байни солҳои 2017 то соли 2023 нишон медиҳад, ки дар ин муддат мусодираи шиша 12 маротиба афзоиш ёфтааст. Ин бад он маъно аст, ки қочоқбарон бозори маводи мухаддир ва тақозо ба навъҳои онро мудирият мекунанд. Имрӯз мо на танҳо шоҳиди қочоқи маводи мухаддир аз тариқи марзҳо ҳастем, балки интернет низ ба маҷрои қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир мубаддал шудааст. “

Хонум Миттал ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддиро зарурӣ номид, зеро ба гуфтаи вай, ҷаҳон бояд монеи қочоқи маводи кимиёӣ ба Афғонистон шавад, ки маводи зарурӣ барои истеҳсоли ҳероину дигар анвои ин маводи мухаддири синтетикӣ аст.

Ин масъули минтақавии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки ба сабаби коҳиши кишти кӯкнор дар Афғонистон қимати тарёк дар бозорҳои минтақа аз 150 доллар то ба 700 доллар боло рафтааст.

Саид Наҷибулло Аҳмадӣ, сардори пешини раёсати мубориза бо маводи мухаддири вазорати корҳои дохилии Афғонистон ба ин бовар аст, ки хадамоти махсуси кишварҳои минтақа дар тавлид ва қочоқи маводи мухаддир аз кишвар даст доранд.

“Бозори метамфетамин (як навъи амфетамин) хеле рушд кардааст. Дар вилоятҳои гуногун корхонаҳое вуҷуд дорад, ки тавассути гуруҳҳои вижаи амниятӣ таъмин мешавад ва феълан мутаасифона шишаи Афғонистон ба кишварҳои дур расида ва дурбини Созмони Милали Муттаиҳд ва кишварҳое, ки бо маводи мухаддир мубориза мекунанд, бар Афғонистон мутамарказ шудааст ва аз он гузоришҳои вижа таҳия мекунанд.”

Созмони Милали Муттаҳид ҳарчанд дар охирин гузориш дар робита ба вазъияти маводи мухаддир дар Афғонистон аз коҳиши зиёди кишти кӯкнор хабар дод, аммо дар ин гузориш таъкид шудааст, ки ҳамзамон бо коҳиш дар кишти кӯкнор тавлиди маводи мухаддири кимиёӣ ба вижа шиша дар ин кишвар зиёдтар мешавад.

Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон соли гузашта гуфтанд, фақат дар як маврид дар соли 2022 тақрибан як тонна маводи мухаддиро оташ заданд, ки қисме аз онро амфетамин, метамфитамин ташкил медод. Ба гуфтаи мақомот, ба фарқ аз солҳои қаблӣ гардиши ғайриқонуни ҳабҳои нашъадори синтетикӣ, ки истифодаи он барои саломатӣ фавқуллода хатарнок аст, афзудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад