Худсӯзӣ дар Амрико барои эътироз ба ҷиноятҳои Исроил

Полиси Амрико аз худсӯзии як фарди муътариз ба иқдомоти режими Исроил дар муқобили консулгарии ин режим дар шаҳри Атланта дар иёлати Ҷорҷия хабар додааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, полиси Амрико бомдоди шанбе таъид кард, як “фарди муътариз” худашро дар беруни консулгарии Исроил дар Амрико оташ задааст.

Полис ишорае ба ҳувияти ин фард накардааст, аммо иқдоми ӯро “эътирози сиёсӣ бо амали ифротӣ” тавсиф кардааст. Полиси Амрико ва расонаҳои байналмилалӣ ба ҷузъиёти бештаре дар ин бора ишора накардаанд.

Шаҳрҳои мухталифи Амрико дар ҳафтаҳои гузашта ба саҳнаи эътирозоти мардумӣ алайҳи иқдомоти Исроил дар Ғазза ва ҳимоятҳои бедареғи Амрико аз режим табдил шудааст.

Бархилофи он ки расонаҳо ва полиси Амрико ишорае ба ҷузъиёти эътирози ин фарди муътариз накардаанд, сарконсули Исроил дар баёнияе гуфтааст: “Ғамангез аст, ки шоҳидем нафрату иқдомоти таҳрикомез алайҳи Исроил бо ин равиши ваҳшатнок иброз мешавад”.

Полиси Амрико гуфта ин фарди муътариз дучори сӯхтагиҳои шадид шуда ва аз лиҳози баданӣ дар вазъияти вахиме қарор дорад.

Исроил

Амрико баъд аз 7 октябр ба шиддат аз ҳамалоти режими Исроил дар Ғазза ҳимоят кардааст. Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин, Ҳамос мегӯяд ҳамалоти ҷадиди режими Исроил дар Ғазза, ки аз субҳи ҷумъа баъд аз итмоми оташбаси 7 рӯза анҷом шуд бо чароғи сабзи Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оғоз шуд.

Ҳамчунин рӯзи ҷумъа “The Wall Street Journal” дар гузориши ихтисосӣ фош кард, Амрико барои кумак ба Исроил дар иҷрои амалиёти низомӣ дар Ғазза бомбаҳои азими сангаршикан ва даҳҳо ҳазор силоҳу гулулаи тупхонаи дигар дар ихтиёри ин режим қарор додааст.

Ин рӯзнома дар гузориши худ ба нақл аз мақомоти амрикоӣ гузориш дода афзоиши ирсоли силоҳ аз Амрико ба Исроил, ки интиқоли 15 ҳазор бомба ва 57 ҳазор гулулаи тупро шомил мешавад андаке баъд аз ҳамлаи 7 октябри оғоз шуда, аммо дар рӯзҳои ахир низ идома доштааст.

Амрико пеш аз ин шумори дақиқи силоҳҳое, ки барои режими саҳюнистӣ ирсол карда будро ифшо накарда буд. Ирсоли 100 бомбаи сангаршикани 2000 поундӣ низ аз ҷумлаи тозаҳоест, ки “The Wall Street Journal” барои нахустин бор онро фош кардааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад