Ихтилофи Амрико ва режими саҳюнистӣ бар сари идомаи ҷанг

Манобеи ибризабон аз ихтилоф байни Амрико ва Исроил бар сари идомаи ҷанг дар Ғазза хабар додаанд.

Пойгоҳи хабарии ибризабони “Воло” ба нақл аз масъулони исроилӣ таъкид кард, ки Антони Блинкин, вазири хориҷаи Амрико ба аъзои кобинаи ҷанги режими саҳюнистӣ гуфтааст, ки тӯлонӣ шудани ҷанг дар Ғазза фишорҳо бар ин режим ва Амрикоро афзоиш хоҳад дод.

Манбаи мазкур аз ихтилофи Амрико ва режими саҳюнистӣ бар сари идомаи ҷанг дар Ғазза хабар дод. Воло афзуд, ки Нетаняҳу нахуст вазир, Галант вазири ҷанг ва Ҳертзи раиси ситоди кулли артиши режими саҳюнистӣ ба Блинкин гуфтанд, ки талафоти ҳамлаи заминӣ ба Ғазза камтар аз ҳамалот ҳавоӣ хоҳад буд.

Шабакаи 12-и телевизиони режими саҳюнистӣ ҳам таъкид кард, ки Блинкин ба Нетаняҳу, Галант ва Бенӣ Ганетз эълон карда, ки режими саҳюнистӣ на моҳҳо, балки дар ниҳоят чанд ҳафтаи дигар метавонад ҷанг дар Ғаззаро идома диҳад.

Аз сӯи дигар, сенатори амрикоӣ гуфтааст, ки Амрико набояд дар амалиёти низомӣ алайҳи Ғазза мушорикат дошта бошад. Берни Сондерз, сенатори демократи амрикоӣ таъкид кард, ки Амрико набояд дар амалиёти низомии режими саҳюнистӣ, ки ин ҳаҷм аз вайрониро дар Навори Ғазза дар пай дошта, шарик бошад ва кушта шудани наздик ба 15 ҳазор ғайринизомии фаластинӣ аз оғози ин ҷанг, ғайриқобили қабул аст.

Ҳамзамон, расонаҳои ибризабон эълон карданд, ки озодии гурӯҳи дигар аз асирони исроилӣ мӯҳтамал аст, аммо ҳанӯз қатъӣ нест ва музокирот барои тамдиди оташбас мумкин аст боз ҳам идома дошта бошад.

Аз тарафи дигар, пойгоҳи хабарии ибризабони Воло ба нақл аз масъулони исроилӣ таъкид кард, ки Антони Блинкин, вазири хориҷаи Амрико ба аъзои кобинаи ҷанги режими саҳюнистӣ гуфтааст, ки тӯлонӣ шудани ҷанг дар Ғазза фишорҳо бар ин режим ва Амрикоро афзоиш хоҳад дод.

Дар воқеъ: Блинкун хостори таваққуфи амалиёти низомии Телавив дар Ғазза нашуд, аммо аз афзоиши фишори байналмилалӣ дар сурати тӯлонӣ шудани ҷанг ибрози нигаронӣ кард.

Вебгоҳи амрикоии Оксиюс низ ба нақл аз манобеи огоҳи худ гузориш додааст, ки раиси ситоди артиши режими Исроил ба Блинкин иттилоъ додааст, ки амалиёти низомӣ дар Ғазза мумкин аст беш аз чанд ҳафта тӯл бикашад.

Ҳамчунин шабакаи 13 Исроил ба нақл аз манобеи огоҳи худ гузориш дода, ки Галант ба Блинкин гуфтааст, ки амалиёти низомӣ мумкин аст моҳҳо тӯл бикашад, на ҳафтаҳо. Галант вазири саҳюнистӣ ба Блинкин гуфтааст, ки ин ҷанг моҳҳо тӯл мекашад, ки Блинкин посух додааст: “фикр намекунам, ки шумо моҳҳо фурсат дошта бошед.”

Вазири хориҷаи Амрико дар ҳоли ҳозир дар заминҳои ишғолии Фаластин ба сар мебарад ва манобеи хабарӣ гузориш дода буданд, ки Блинкин бо раиси ташкилоти худгардони Фаластин дидор кардааст. Вазорати умури хориҷаи Амрико ҳам бо интишори баёнияе эълон кард, ки Антони Блинкин, вазири хориҷаи ин кишвар ва Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин дар Ромуллоҳ бо ҳам дидор карданд.

Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Амрико омадааст, ки “ду тараф дар ин дидор дар робита бо тӯлонӣ кардани оташбаси муваққат дар Ғазза ва тасреъ дар раванди ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза гуфтугӯ карданд.”

Дар ин баёния ҳамчунин иддао шудааст, ки “Блинкин хушунат ва ҳамалоти шаҳракнишинони саҳюнист алайҳи фаластиниён дар Каронаи Бохтариро маҳкум ва бар зарурати муҷозоти онҳо таъкид кард.”

Вазири умури хориҷаи Амрико пеш аз дидор бо Маҳмуд Аббос бо мақомоти режими саҳюнистӣ дидор ва гуфтугӯ карда буд. Вай пас аз дидор бо ИИсҳоқ Ҳертзуг, раиси режими саҳюнистӣ бо Бенямин Нетанёҳу, нахуствазири ин режем ҳам дидор ва бо онҳо дар бораи таҳаввулоти таҷовуз ба Ғазза ройзанӣ карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Эли Куҳен, вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ гуфт, ки дар дидор бо Блинкин ба Ӯ иттилоъ додааст, ки мақомоти исроилӣ барои идомаи ҷанг дар Ғазза то нобудии ҷунбиши муқовимати исломии (Ҳамос) ва бозгашти ҳамаи асирони исроилӣ омодагӣ доранд.

Овиу Кучови, раиси ситоди муштараки қаблии Исроил аз замони шурӯи ҷанг комилан аз ҳузури аланӣ дар расонаҳо худдорӣ кардааст. Ҳооретс навиштааст, ки Ӯ тайи рӯзҳои гузашта ба унвони бахше аз талошҳои Исроил барои ҷалби ҳимояти кишварҳои аврупоӣ аз амалиёти тӯлонимуддати Исроил дар Навори Ғазза ба Биритониё сафар кард.

Гурӯҳе аз афроде, ки дар ҷаласаи Кучови бо аъзои ҷомеаи яҳудиёни Лондон ширкат карданд ба Ҳооретс гуфтаанд, ки аз изҳороти Кучови мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки Исроил ба чанд моҳ замон барои такмили амалиёти худ алайҳи Ҳамос ниёз дорад.

Рӯзномаи Нию-Йорк Таймз ҳам ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ гузориш дода буд, ки режими Исроил барои анҷоми амалиётҳои худ дар Ғазза замони маҳдуде дар ихтиёр дорад.

Ин рӯзномаи амрикоӣ таъкид кард, ки мақомҳои амрикоӣ мӯътақиданд афзоиши шумораи талафоти ғайринизомиён дар Ғазза афзоиши хашм дар кишварҳои арабии минтақа ва афзоиши ноумедӣ дар Вашингтонро дар пай дошта ва ба эҷоди маҳдудият дар ҳадафи Исроил барои нобудии Ҳамос мунҷар хоҳад шуд.

Як мақоми аршади давлати Байден аз мақомҳои исроилӣ хостааст, иқдомоти бештаре барои коҳиши талафоти ғайринизомиён анҷом диҳад. Генерал Чорлез Бровн, раиси ситоди муштараки артиш гуфт нигарон аст, ки ҳар як аз ғайринизомиёне, ки дар Ғазза кушта мешаванд, метавонанд ба узвгирии Ҳамос дар оянда кумак кунад.

Нию-Йорк Таймз изҳороти ин мақоми амрикоиро нишонае аз ихтилофҳо миёни Исроил ва давлати Байден тафсир кардааст. Амрико ба рағми афзоиши талафоти ғайринизомиён дар Ғазза ҳимояти худро аз иқдомоти артиши режими саҳюнистӣ эълон кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад