Ҳенри Киссинҷер даргузашт

Ҳенри Киссинҷер, дипломати собиқадори амрикоӣ дар синни 100-солагӣ даргузашт.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҳенри Киссинҷер, устоди донишгоҳи Ҳарварду дипломати саршиноси амрикоие, ки мувофиқону мухолифони бисёре дошт, дар синни 100-солагӣ дар манзилаш дар иёлати “Коннектикут” даргузашт.

Вай ки мушовири аршади Ричард Никсон, раисҷумҳури пешини Амрико дар сиёсати хориҷӣ буд, дар мавриди хуруҷи Амрико аз ҷанги фоҷиабори Ветнам музокира ва ҷоизаи сулҳи Нобелро, ки ҷанҷол ба по кард, дарёфт карда буд. Кисинҷр ҳамчунин тарроҳи сиёсати танишзудое буд, ки ҷанги сард бо Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравиро хунсо кард ва ба фурурехтани девори бузурги дипломатике, ки Чини комунистро барои дуву ним даҳа таҳти кантрол дошт, кумак кард.

Киссинҷер зодаи майи 1923, ки дар 29 ноябри 2023 даргузашт, сиёсатмадор, дипломату мушовири геополитикаи олмонӣ-амрикоӣ буд, ки ба унвони вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва мушовири амнияти миллии Амрико дар давлатҳои Ричард Никсон ва Ҷералд Форд фаъолият кард.

Ӯ ки як паноҳандаи яҳудӣ буд, дар соли 1938 бо хонаводааш аз Олмони Нозӣ гурехт, дар соли 1969 мушовири амнияти миллӣ ва дар соли 1973 вазири умури хориҷаи Амрико шуд. Киссинҷер дар соли 1973, ба хотири иқдомоташ барои оташбас дар Ветнам, ҷоизаи сулҳи Нобелро таҳти шароити муноқишабарангез, ки ду нафар аз аъзои кумита ба нишонаи эътироз истеъфо доданд, дарёфт кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад