Шаҳодати беш аз 100 фаластинӣ дар ҳамалоти имрӯзи саҳюнистҳо

Сухангӯи вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза хабар дод, ки бо оғози дубораи ҳамалоти режими ҷинояткори саҳюнистӣ, саду шаш фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Ашраф Ал-Қадура, сухангӯи вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза хабар дод, ки пас аз шикасти оташбас ва азсаргирии ҳамалоти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ, имрӯз 106 ғайри низомии фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.

Дар рӯзи панҷоҳу шашум аз оғози таҷовузи саҳюнистҳо, режими ҷинояткори саҳюнистӣ пас аз оташбасе, ки як ҳафта ба тӯл анҷомид, ҳамалоти худро ба Навори Ғазза аз сар гирифт.

Дар рӯзи гузашта низ, ҳафтумин марҳила аз табодули асирон байни Ҳамос ва режими кӯдаккуши саҳюнистӣ сурат гирифт, ки дар ҷараёни он, саҳюнистҳо 30 фаластиниро озод карданд ва ҳашт исроилӣ ҳам озод шуданд.

Артиши ғосиби саҳюнистӣ имрӯз хабар дод, ки аз замони поёни оташбас дар Ғазза, 9 нафар аз неруҳои худро аз даст додааст. Ҷунбиши исломии Ҳамос таъкид дорад, ки саҳюнистҳо масъули шикасти оташбас ҳастанд.

Ашраф Ал-Қадура, сухангӯи вазорати тандурустии Фаластин, дар гуфтугӯ бо шабакаи Ал-Арабӣ, бо баёни инки фақат се бемористон дар шимоли Ғазза ҳамчунон фаъол буда ва бо имконоти маҳдуд дар ҳоли идомаи хидматрасонӣ аст, тасреҳ кард: теъдоди шуҳадое, ки то кунун [аз оғози таҷовузоти саҳюнистҳо] эълом шуда, шомили касоне нест, ки зери овор ҳастанд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки афроди захмӣ ва бемор, наметавонанд худро ба бемористонҳо бирасонанд ва ҳамин масъала, вазъияти беҳдоштиро вахим кардааст.

Ин мақоми фаластинӣ бо ишора ба инки бемористонҳои Ғазза бо камбуди хун мувоҷеҳ ҳастанд, аз Салиби Сурх хост, ки аз кишварҳои ҳамсоя ва шаҳрҳои хориҷ аз Навори Ғазза, хун таъмин кунад.

Соате пас аз поёни оташбас ва аз саргирии ҳамалот дар Навори Ғазза, артиши Исроил субҳи имрӯз бо пахши эъломияҳое бар фарози шаҳри Хонюнус дар ҷануб, ин шаҳрро минтақаи ҷангӣ эълом кард ва аз сокинони он хост фавран шаҳрро тахлия кунанд.

Дар эъломияҳои пахш шуда режими палиди Исроил хитоб ба мардуми ин минтақа омадааст; ба сокинони “Ал-Қарора”, “Хайрбат Хазъо”, “Ободон” ва “Бани Саҳило” Шумо бояд фавран ин манотиқро тахлия кунед ва дар минтақаи Рафаҳ паноҳ бигиред. Шаҳри Хонюнус як минтақаи ҷангӣ аст».

Авиха Адрай, сухангӯи артиши Исроил низ дирӯз гуфт, ки “Ҳартизӣ Халвӣ” раиси ситоди муштараки артиш, барномаи низомии лозим барои идомаи ҷанг пас аз оташбасро омода кардааст. Ҳартизӣ Халвӣ низ дар изҳори назаре гуфтааст, ки ҷанг дар Навори Ғазза кӯтоҳмуддат нахоҳад буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад