Ҳамлаҳои густардаи саҳюнистҳо ба бемористони “Шифо” 

Яке аз табибони бемористони Шифо дар Ғазза эълом кард, ки аз ҷиҳоти мухталиф ба самти бемористони Шифо тирандозӣ мешавад.

Ба гузориши маркази иттилоъ расонии Фаластин, саҳюнистҳо ҳамлаи густардаи худ ба бемористони Шифоро аз сар гирифтанд.

Дар ҳамин иртибот низ яке аз табибони бемористони Шифо дар Ғазза эълом кард, ки аз ҷиҳоти мухталиф ба самти бемористони Шифо тирандозӣ мешавад ва ба сабаби шиддати бомбаборонҳо ва ҳамалот аз ҷиҳоти мухталиф, наметавонем байни бахшҳои мухталифи бемористон ҷо ба ҷо шавем.

Ин табиб гуфтааст, ки бомбаборони бемористон аз саргирифта шуда ва нигаронем, ки саҳюнистҳо ба дохили он юриш бибаранд ва ҳама дар роҳруҳо ҷамъ шудаем ва касе ҷуръати наздик шудан ба панҷараҳоро надорад.

Нию-Йорк Таймз низ эълом кард натоиҷи таҳқиқоте, ки анҷом дода, нишон медиҳад мушакҳои шиллик шуда ба самти бемористони Шифо дар Ғазза тайи рӯзҳои ахир Исроил будааст.

Нию-Йорк Таймз ҳамчунин таъкид кард иддаои артиши режими саҳюнистӣ дар мавриди инки яке аз мушакҳои гурӯҳҳои фаластинӣ ба иштибоҳ ба бемористони Шафо исобат карда, ба ҳеҷ ваҷҳ сиҳат надорад.

Доктор Ашраф Ал-Қадура сухангӯи вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард, ки душмани саҳюнистӣ пас аз муҳосираи комили бемористони Шифо ва бомбаборони шадид ва тирандозӣ ба самти он аз тамоми ҷиҳот ба муддати 2 соати тамом, тамоми ҳозирин дар ин бемористонро дар маърази марг қарор додааст.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза ҳам эълом кард, ки авзоъ дар бемористони Шафо ба шиддат фоҷиабор ва буҳронӣ аст. Вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза ҳамчунин эълом кард, ки артиши режими саҳюнистӣ муҷаддадан бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Шифо дар Ғаззаро бомбаборон кардааст. Бархе манобеъ дар дохили бемористони Шифо эълом карданд, ки бомбаборони шадиди ин бемористон мӯҷиб тарс ва ваҳшати ҳозирин дар он шудааст.

Манобеъи хабарӣ низ эълом карданд, ки дар атрофи бемористони Шифо дар Ғазза даргириҳои шадиде дар ҷараён аст ва тайи он садои инфиҷорҳои маҳибе шунида шудааст.

“Усома Ҳамдон”, аз раҳбарони Ҳамос гуфтааст, ки ба миллати Фаластин ва тамоми миллатҳои озода итминон медиҳем, ки муқовимат ва гурдонҳои Қасом дар саломати комил ҳастанд ва авзоъ дар Ғаззаро таҳти контрол доранд. Ба душмани ишғолгар мегӯем, ки набард дар Ғазза тоза дар оғози роҳ аст ва ончи интизорашро мекашад ба маротиб бузургтар хоҳад буд. Ин набард, набарди поёни ишғолгарӣ, ҳимоят аз Масҷидулақсо ва ташкили кишвари мустақили Фаластин ба пойтахтии Қудси шариф аст. Бомбаборони зерсохтҳо ва бемористонҳо тавассути Исроил бо ҳадафи кӯчондани мардуми Ғазза сурат мегирад. Душмани саҳюнистӣ ба думболи кӯчондани миллати Фаластин ва такрори некбат аст. ️ба Смотрич мегӯем мо дар ин сарзамин хоҳем монд ва шумо буздилҳо рафтанӣ ҳастед.

Умедворем гузаргоҳи Рафаҳ барои вуруди кумакҳои башардӯстона ва интиқоли маҷрӯҳон ба хориҷ ба таври комил бозгушоӣ шавад. Дафни 170 нафар аз шуҳадо дар гӯрҳои дастаҷамъӣ дар бемористони Шифо мояи нанги ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Созмони имдод ва наҷоти Ғазза низ эълом кард, ки артиши режими саҳюнистӣ садҳо шаҳрванди Фаластиниро дар наздикии бемористони Шифо ва Қудс ба шаҳодат расонда ва бо тонк аз рӯйи онҳо рад шудааст.

Рӯзи гузашта низ доктор Муҳаммад Закут, мудири кулли бемористонҳои Ғазза низ гуфт: 32 бемор ва кӯдак дар бемористони Шифо бар асари камбуди таҷҳизоти пизишкӣ ба шаҳодат расиданд. Садҳо маҷрӯҳ дар бемористони Шафо бистарӣ ҳастанд, ки қодир ба хурӯҷ аз ин бемористон нестанд. Иддаои душман дар мавриди пешниҳоди таҳвили сӯхт ба ин бемористон, ба тамасхур гирифтани ҷаҳониён аст, зеро миқдори сӯхти пешниҳодӣ барои як соат кори бемористон ҳам кифоят намекунад. Ҳеҷ макони амне дар Ғазза барои интиқоли беморон, маҷрӯҳон, навзодони норас ва кӯдакон вуҷуд надорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад