Салиби Сурх: вазъияти дармонӣ дар Ғазза бисёр буҳронӣ аст

Намояндаи Салиби Сурх дар боари Ғазза, гуфт, ки бисёре аз бемористонҳо таътил шуда ва наметавонанд фаъолият кунанд.

Намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх зимни вахим тавсиф кардани вазъияти инсонӣ дар Ғазза, гуфт, ки бисёре аз бемористонҳо таътил шуда ва наметавонанд фаъолият кунанд.

Ҳамзамон бо бетаваҷҷӯҳии режими муваққати саҳюнистӣ ба дархостҳои ҷаҳонӣ барои таваққуфи ҳамлаҳои ҷинояткорона ба Ғазза ва куштори мардуми Фаластин, Салиби Сурхи ҷаҳонӣ низ дар бораи вахомати авзои инсонӣ дар ин минтақа ҳушдор дод.

Олина Сининко, намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар мусоҳиба бо шабакаи Россия24 гуфт, ки вазъияти инсонӣ ва дармонӣ дар Ғазза бисёр вахим ва дар шароити буҳронӣ аст.

Сининко дар посух ба саволе дар бораи муҳосираи бемористони Шифо тавассути саҳюнистҳои террорист ва имкони дастрасии созмонҳои байналмилалӣ ба он, тавзеҳ дод: “мо бо Вазорати тандурустии Ғазза ва ҳамчунин ҳар ду тарафи даргирӣ дар тамоси мустамар ҳастем.”

Ба навиштаи хабаргузории Спутник ба нақл аз ин мусоҳиба, вай бо баёни инки Салиби Сурхи ҷаҳонӣ ба сурати мустамар дар ҳоли музокира бо режими саҳюнистӣ аст, аммо тасреҳ кард, ки ҳанӯз барномаи мушаххасе барои дастрасии байналмилалӣ ба бемористони Шифо вуҷуд надорад.

Ин мақоми Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх зимни ироаи тавсиф “бисёр буҳронӣ” аз вазъияти беҳдоштӣ ва дармонӣ дар Ғазза, гуфт, ки бисёре аз бемористонҳо таътил шуда ва наметавонанд фаъолият кунанд.

Сининко дар ин бора илова кард: “бемористонҳое ҳам, ки ба фаъолият дар Ғазза идома медиҳанд, пур аз маҷрӯҳон ва оворагон шудаанд; зеро мардум гумон мекунанд бемористонҳо танҳо макони амн дар минтақа ҳастанд ва ба онҷо мераванд, то аз бомбаборон паноҳ бигиранд.”

Пеш аз ин низ Созмони Ҳилоли Аҳмари Фаластин эълон карда буд, ки аз 18 мошини ёрии таъҷилие, ки дар шаҳри Ғазза фаъолият мекарданд, акнун фақат 7 дастгоҳ боқӣ мондааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад