Мухолифати Клинтон бо истиқрори оташбас дар Ғазза

Собиқ вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мухолифаташ бо истиқрори оташбас дар Ғаззаро эълом кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҳиллари Клинтон, собиқ вазири хориҷаи Амрико дар давраи раёсати ҷумҳурии Барак Обама, изҳор дошт, ки мухолифи истиқрори оташбаси комил миёни режими саҳюнистӣ ва Ҳамос аст.

Вай иддао кард, ки истиқрори оташбас танҳо имкон медиҳад, ки Ҳамос нафаси тоза бигирад ва муноқишаҳояш бо Тел-Авивро тӯлонитар кунад.

Клинтон гуфт: “Чунин роҳкоре сабаби хоҳад шуд, ки Ҳамос ба унвони як ҷузъи калидӣ ва хеле муҳими дар меҳвари муқовимати Эрон боқӣ бимонад.

Вай гуфт, ки аз истиқрори оташбас дар шарте ҷонибдорӣ мекунад, ки ин нақша дар фурсати муносиб амалӣ шавад. Дар бахши дигари изҳороти худ ӯ ба зарурати раҳбарияти нав дар Тел-Авив таъкид кард ва изҳор дошт, ки “сиёсати боздоштани” Нетаняҳу комилан ноком шудааст.

Дар бахши дигари изҳороти худ ӯ ба зарурати раҳбарияти нав дар Тел-Авив таъкид кард ва изҳор дошт, ки “сиёсати боздоштани” Нетаняҳу комилан ноком шудааст.

Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки режими саҳюнистӣ бояд “аз ишғоли дубораи Навори Ғазза даст кашад”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад