Афзоиши хашми ҷаҳонӣ аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза

Ҳамзамон бо тадовуми иқдомоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза ки токунун мунҷар ба шаҳид шудан беш аз 11 ҳазор нафар ва захми шудани беш аз 27 ҳзори нафар аз фаластиниҳо шуд хашму интиқоди ҷаҳонӣ аз ин ҷиноёти раванди афзоиши ба худ гирифта ба наҳвӣ ки илова бар тазоҳуроти густарда ҳатто бархе сиёсатмадорони ғарбӣ низ ба интиқод аз Исроил пардохтаанд.

Дар идомаи ҳимоятҳои мардуми аз Фаластин ва маҳкумияти ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза шомгоҳи ҷумъа ҳазорон нафар аз мардуми Амрико дар эътироз ба куштор ва наслкушии мардуми Фаластин дар навори Ғазза бо ҳузур дар майдон Таймс шаҳри Ню-Йорк хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза шуданд ҳам чунин тазоҳуроткунандагон дар Британия рузи ҷумъа дар ҳимоят аз Фаластин ва эътироз ба ҷанг ва ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистии зидди Ғазза шиорҳое дар ҳамбастагии бо мардуми Ғазза сардодан ва як корхонаи тавлиди аслаҳаро ба далели ҳамкорӣ бо ин режими саҳюнистӣ муҳосира карданд.

Ин дар ҳоле аст ки ҷиноёти Исроили зидди фаластиниҳо ончунон абъоди ҳаросноку ғайри қобили тавҷеҳии пайдо карда ки ҳатто бархе сиёсатмадорони аршади ғарбӣ низ забон ба интиқод аз он гушУда ва хоҳони таваққуфи ҷанг ва куштори мардум бегуноҳ дар ғазза шудаанд.

Юншос Гор Эстур нахусти вазири Норвегияи ҷумъаи шаб ба ҷинояти саҳюнистҳо дар Ғазза эътироз карду гуфт: Бомбаборони шадиди навори Ғазза тавассути Исроил нақзи сариҳи қавонини байналмилалии ҷанг аст. Ғайринизомиён ҳақи дифо аз худро доранд ва бояд нақзи қавонини байналмилалии ҷанг аз суи кишварҳо маҳкум шавад. Ин мавзегирӣ аз суи болотарин мақоми иҷрои як кишвари аврупоӣ нишон медиҳад ки тавҷеҳҳои режими саҳюнистӣ барои ҳамлаи Ғазза ба баҳонаи дифо аз худ ки албата бо пазириш ва ҳимояти Вашингтон сурат мегирад ҳатто дар байни бархе кишварҳои ғарбӣ низ харидорӣ надошта ва ғайри қобили қабул талаққӣ шуда аст.

Дар ин байни бархе аз ҳомиёни аслии режими саҳюнистӣ дар Аврупо низ ки ба ҳимоят аз Телавив бархостанд монанди Эмануел Макрон раиси Ҷумҳурии Фаронса низ хоҳони таваққуфи ҳамалот ба Ғазза шудаанд. Макрон дар мусоҳибаи гуфт ки Исроил бояд куштани кудакон ва занон дар Ғаззаро мутаваққиф кунад вай таъкиди кард ки ҳеҷ тавҷеҳи барои ин бомбаборонҳо вуҷуд надорад ва оташибас ба нафъи Исроил хоҳад буд.

Раиси Ҷумҳури Фаронса бо баёни ин иддао ки ҳақи Исроил барои дифо аз худро ба расмият мешиносад гуфт: Ман аз онҳо мехоҳам ки ин бомбаборонро мутаваққиф кунанд. Нуктаи ҷолиби тавваҷуҳи ин ки Бинямин Натаняҳу нахусти вазири режими саҳюнистӣ дархости Макрон барои таваққуфи куштори ғайринизомиёни фаластинӣ дар навори Ғаззаро рад кард ва гуфт ки Ҳамос масъули марги мардум дар Ғазза аст ва набояд Телавивро маҳкум кард.

Бояд гуфт ки агар раиси ҷумҳури Фаронса воқеан хоҳони таваққуфи куштори фаластиниҳо дар Ғазза аст бояд ба ҷои ҳимоят аз Телавив ва таъкид бар ҳақи он барои дифо аз худ иқдомоти муассириро ба манзури водор кардани Натаняҳу барои таваққуфи бомбаборони Ғазза анҷом диҳад. Ба назар мерасад мавзегирии Макрон дар ин замина беш аз ин ки мубтанӣ бар садоқат ва хости воқеӣ ӯ барои таваққуфи ҳамалот ба Ғазза бошад бештар барои ҷалби тавваҷуҳи афкори умумии фаронсавиҳо сурати гирифта ки дар ҳафтаҳои ахир бо барпои тазоҳуроти густардаи хоҳони таваққуфи наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза шудаанд.

Нуктаи дагар ки бояд хотирнишон шавад афзоиши хашму инзиҷори ҷаҳонӣ аз Амрико ба далели ҳимояти комил ва беқайду шарт аз ҷиноёти Исроил дар ғазза ба баҳонаи дифо аз худ аст дар ин ростои дипломатҳои амрикоӣ дар кишварҳои арабӣ ба давлати Ҷо Байден дар бораи хашми физояндаи ҷаҳони араби зидди Вашингтон аз замони оғози ҷанги Ғазза ба далели ҳимоят аз режими саҳюнистии ҳушдор додаанд.

Давлати Байден ҳушдорҳои ҷадди аз дипломатҳои худ дар кишварҳои арабӣ дарёфт карда аст ки нишон медиҳад ҳимоят бечуну чароӣ Амрико аз Исроил дар ҷанги вайронгари ин режим зидди Ғазза сабаб шуда аст то маҳбӯбияти Амрико дар миёни як насли комил аз мардум дар кишварҳои араб аз байн баравад.

Маҷмуи ин масоили нишон медиҳад бар хилофи гузашта ва ҳатто дар авоили ҷанги кунунии дар Ғазза ки режими саҳюнистӣ бо интишори ахбори дуруғин ва видеоҳои ҷаълии талош дар ҷалби тавваҷуҳи афкори умумии ҷаҳон ба нафъи худ ва дар ростои тавҷеҳи иқдомоти худ дошт аммо акнун бо тавваҷуҳ ба интишори ахбор ва гузоришҳо ва тасовири зинда аз Ғазза мардуми ҷаҳон аз умқи ҷиноёти Исроили зидди мардум бедифои Ғазза огоҳ шуда ва ҳаракатии ҷаҳонӣ барои водор сохтани Телавив барои таваққуфи ҳамлоташ зидди фаластиниҳо шакли гирифта аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад