Дидори мақомоти аршади амниятии Русия ва Тоҷикистон дар “Душанбе”

Дар дидори дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Русия масоили марбут ба амнияти марзҳои кишвар бо Афғонистон баҳс ва табодули назар шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дабирони Шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Русия дар чорчуби як нишасти корӣ дар мавриди масоили ҷорӣ дар мавриди амнияти марзии Тоҷикистон ва Афғонистон баҳс ва табодули назар карданд.

Дар ин мулоқот ду тараф чашмандози ҳамкорӣ дар заминаи амниятиро баррасӣ ва ба иқдомот дар заминаи муқобила бо терроризм ва таҳдидоти биологӣ таваҷҷуҳи вижа карданд.

Дар ҷараёни ин дидор, барномаи ҳамкории фимобайни дастгоҳҳои Шӯроҳои амнияти Русия ва Тоҷикистон то соли 2025 ба имзо расид.

Дар ҳамин ҳол, “Имангали Тасмагамбетов”, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, зимни суханронӣ дар ёздаҳумин нишасти дабирони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ низ нисбат ба таҳдидоти мавҷуд дар марзҳои ҷанубии Паймони Амнияти Ҷамъӣ, ибрози нигаронӣ кард.

Бинобар суханони вай, нуфузи аносири террористӣ ва ифротӣ натанҳо бо вазъияти бисёр душвори Афғонистон, балки бо бесуботӣ дар манотиқи ҳам марзи бо ин кишвар муртабит аст.

Ба гуфтаи дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, ин масъала такмили сареъи барномаи ҳадафманди байнидавлатии Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ дар ҷиҳати тақвияти марзҳои муштараки Тоҷикистон ва Афғонистонро таъйид мекунад.

“Семён Григорев” сафири Русия дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо яке аз рӯзномаҳои кишвар низ изҳор дошт, ки “Маскав” ба афзоиши зарфияти размии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва ироаи таслиҳот ба ин кишвар идома хоҳад дод, зеро ин амр саботро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳифз мекунад.

Вай хотирнишон кард, ки Русия қасд дорад ба ироаи кумакҳои низомӣ ва фаннӣ аз ҷумла таъмини таслиҳот, омӯзиши неруҳо ва омӯзиши сарбозони низомии Тоҷикистон идома диҳад.

Семён Григорев гуфт: ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон дар заминаи амният ба унвони омили муҳимме барои тазмини сабот ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар кулли Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад.

Вай унвон кард: пойгоҳи низомии 201 Русия, ки дар Тоҷикистон қарор дорад ба таври мудовим ба вазорати дифоъи ин кишвар кумак мекунад, аммо ҳамкории Маскав ва Душанбе дар заминаи масоили амниятӣ танҳо ба фаъолитҳои ин пойгоҳи низомӣ маҳдуд намешавад.

Сафири Русия дар Душанбе идома афзуд: дар чорчуби ин ҳамкориҳо низ сарбозони низомии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои тахассусии Русия омӯзиш мебинанд.

Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар соли 2023 як пости низомӣ дар Тоҷикистон дар марзи бо Афғонистон бо ҳазинаи давлати Русия эҳдос ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад