Ирсоли 28 тонна кумаки тиббии Русия ба Ғазза

Хабаргузории "Раша сегодня" аз парвози ду ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия барои интиқоли 28 тонна кумаки тиббӣ ба Ғазза хабар додааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, “Раша сегодня” гузориш дод, ки ду ҳавопаймои ҳамлу нақли Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия кумакҳои навбатии башардӯстонаи ин кишварро ба монанди доруҳо, қатъкунандаи хун ва лавозими дармони маҷрӯҳон ба Навори Ғазза фиристод.

Бар асоси ин гузориш, ин бастаи кумак ба намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Миср таҳвил дода хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки дар моҳи октябр Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия барои фаластиниҳо ба Миср 27 тонна бори башардӯстона интиқол дода буд.

Ҳадамоти матбуотӣ таъкид кард, кумаки башардӯстона доруҳо, гемостатикҳо ва либосҳоро дар бар мегирад.

Бо вуҷуди вуруди корвонҳои имдодӣ, ки дар рӯзҳои ахир аз Миср тавассути гузаргоҳи Рафаҳ вориди Ғазза шудаанд, Созмони Милал ҳушдор додааст, ки ин кумакҳо дар баробари ниёзҳои беш аз ду миллион нафар дар Ғазза ночиз аст.

Ҷеймс Элдер, сухангӯи ЮНИСЕФ, аз зиёд ва афзояндаи кушта шудани кӯдакон дар Ғазза изҳори таассуф кард ва дархости ЮНИСЕФ барои оташбаси фаврӣ ва дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстона дар Созмони Милали Муттаҳид дар Женеваро такрор карду гуфт, ки кӯдакон дар Ғазза на танҳо бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ, балки бар асари адами кумаки тиббии лозим ҳам мемиранд.

Бо идомаи ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Навори Ғаззаи Фаластин барои 28-умин рӯзи пайопай, теъдоди шаҳидони фаластинӣ аз 9 ҳазору 200 нафар гузаштааст.

Ғазза

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад