Ҳушдори Медведев ба Телавив дар бораи авоқиби ҳамлаи заминӣ ба Ғазза

Муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия нисбат ба авоқиби бисёр сангин ва густурдаи амалиёти заминии режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза ҳушдор дод.

Ба гузориши манобеи ҳабарӣ, “Дмитрий Медведев” муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия рӯзи гузашта ба режими палиди саҳюнистӣ дар бораи табаоти бисёр сангини ҳамалоти заминии ин режим дар Навори Ғазза ҳушдори ҷиддӣ дода ва хостори таваққуфи амалиёти ваҳшиёнаи ин режим дар ин минтақа шуд.

Ба гузориши “Анатолия”, раисҷмҳур ва нахуствазири асбақи Русия унвон кард, ки иқдомоти заминии артиши режими саҳюнистӣ мунҷар ба «паёмадҳои маргбор ва хунин» дар Навори Ғазза  хоҳад шуд.

Дмитрий Медведев, дар ҷараёни баёнияе хотир нишон кард, ки шояд амалиёти заминии режими палиди саҳюнистӣ дар Навори Ғазза таҳти таъсири фишорҳои афкори байналмилалӣ ва Ғарб дучори вақфа шавад бо ин ҳол набояд фиреби рижими саҳюнистиро хӯрд чаро, ки ин режим иқдомоташро анҷом хоҳад дод ва амалиёти ин режим дар Навори Ғазза бо ҷидитарин ва маргбортарин авоқиби хунин ҳамроҳ хоҳад буд.

Вай бо ишора ба таъбире дар матни китоби муқаддаси яҳудиён, режими саҳюнистиро ба “Молох” яке аз худоёни бостонӣ ташбеҳ кард, ки аъмоли монанди қурбонӣ кардани кӯдакон барояш анҷом мешуда ва ин аъмол дар Таврот қавиян маҳкум шудааст.

Ӯ дар инбора бо ишора ба режими саҳюнистӣ гуфт: Молох ҳамеша қурбониёни бештар ва бештареро талаб мекунад ва акнун мошини хушунати он барои солҳо кор хоҳад кард.

Дмитрий Медведев, ки пештар аз соли 2008 то 2012 раисҷмҳури Русия ҳам буд дар интиқод ба сиёсатҳои кунунии Ғарб дар боби ҳимоят аз режими саҳюнистӣ унвон кард: Ғарб дар охир аз Украина хаста шуда ва ба Исроил рӯй овард. Вай дар боби ин изҳороташ ҳам ба ин мавзӯъ ишора кард, ки ҳатто аввалин коре, ки раиси маҷлиси намояндагон Амрико ҳам анҷом дод, кӯмак ба Телавив буд.

Вай ба иҷрои қатъномаи 242 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи сулҳи пойдор дар ховари миёна ҳам ишора ва зимни таъкид бар иҷрои он аз бетаваҷҷӯҳии режими саҳюнистӣ ба ин қатънома интиқод кард.

Ба гуфтаи Дмитрий Медведев, амалиёти заминии режими саҳюнистӣ дар Ғазза оғози як хунрезии маргбори чандин сола хоҳад буд ва барои солҳо «чархаи хушунат»-ро дар ин минтақа фаъол месозад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад