Муҳокимаи 5 тоҷик ба иттиҳоми ташкили гуруҳи террористӣ Дар Русия

Дар шаҳри Маскав муҳокимаи панҷ тоҷикистонӣ ва як зодаи Доғистон шуруъ шудааст.

Дар шаҳри Маскав муҳокимаи панҷ тоҷикистонӣ ва як зодаи Доғистон шуруъ шудааст.

Онҳо ба омодагӣ ба анҷоми ҳамла ва ташкили гуруҳи террористӣ муттаҳам ҳастанд.

Вакилони мудофеи гумонбарон мегӯянд, парванда ангезаи сиёсӣ дорад.

ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия гуфтааст, боздоштшудаҳо “зери раҳбарии ДОИШ” нақша доштанд, соли 2022 бинои ин хадамотро тарконанд.

Мақомоти Русия шарҳ додаанд:

“Онҳо бо ҳадафи маҷбур кардани Русия ба берун овардани нерӯҳояш аз Сурия, мехостанд ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд”.

Аз панҷ зодаи Тоҷикистон Манучеҳр ва Раҷабалӣ Буриевҳо, Абдумалик Самиев, Самандар Тошмуродов ва Абдуқодир Тоиров ном бурда мешавад.

Гумонбари шашум Ҳоҷимурод Ҳасаналиев аз Доғистон аст. Ҳамаи онҳо аз 19 то 25 сол дошта, дар замони боздошт дар Русия мардикорӣ мекардаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, ҳангоми таҳқиқи парванда панҷ нафар айби эъломшударо қисман ё пурра эътироф карда, як тани онҳо иттиҳомро бепоя донистааст.

Ба онҳо солҳои дарози зиндон ва ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Пулис дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду муҳоҷири ҷавони 24-соларо бо иттиҳоми ҳамла ба ду духтар дар ноҳияи Калинин дастгир кардааст.

Худи ин ду ҷавон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои манобеи хабаргузории русии Регнум, гӯё ба Ҷомӣ Кимсанов ва Муҳаммад Бобозода ранги ғайриоддии мӯйсар ва пирсинг, яъне дар бинию лаб ва дигар узвҳои баданашон овезон кардани ҳалқаҳо, хуш наомадааст.

Дар ҳамин ҳол, манобеи Телеграм-канали Маш, як расонаи наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, хабар додаанд, ки ду духтаре, ки шоми 25 сентябри соли 2023 дар назди боғи ба номи академик Сахаров дар Петербург мавриди ҳамлаи ҷавонони тоҷик қарор гирифтанд, лесбиянка, яъне ҳамҷинсгаро будаанд.

Вячеслав Степченко, сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург ба Регнум қазияро чунин шарҳ додааст: “Шоми 25 сентябр, соати 19:26, ба пулис дар бораи муноқишаи байни ду духтар ва ду марди ношинос дар назди бинои №29 дар кӯчаи Замшин хабар расид.

Яке аз ин мардон ба духтарон бо корд таҳдид кардааст. Дар ин суроғаи зикршуда пулис ду марди 24-солаи зодаи яке аз кишварҳои хориҷаи наздикро дастгир кард. Корд ҳам мусодира карда шуд”.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми якуми моддаи 119 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми таҳдиди куштор парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ду ҷавони тоҷик бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо 480 соат корҳои ислоҳӣ, ё то 6 моҳи ҳабс, ваё то 2 сол корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати то 2 сол таҳдид мекунад.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад