Таъкиди Душанбе ва Теҳрон бар тавсеаи ҳамкориҳо

Дар дидори вазири умури хориҷаи кишвар бо муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бар алоқамандии ду тарафи нисбат ба тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаҳои гуногун таъкид шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати умури хориҷаи кишвар гузориш дод, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Алӣ Боқирӣ, муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба манзури баргузарии нахустин нишасти Кумитаи ройзаниҳои сиёсӣ миёни ду кишвар ба Душанбе сафар кардааст, дидор кард.

Тибқи эълони манбаъ, Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар хусуси ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд.

Сафорати Теҳрон дар Душанбе ҳам дар ин робита гузориш дод, ки дар ин дидор бо ишора ба тасмими ҷиддии сарони ду кишвар бар тақвият бештари равобит миёни Душанбе ва Теҳрон заминаҳои тавсеаи муносибот ва ҳамкориҳои ду давлат дар ҳавзаҳои гуногун мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор дода шуд.

Тибқи ин гузориш, дар ин дидор бо ишора ба тасмими ҷиддии сарони ду кишвар бар тақвият бештари равобит миёни Душанбе ва Теҳрон заминаҳои тавсеаи муносибот ва ҳамкориҳои ду давлат дар ҳавзаҳои гуногун мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор дода шуд.

Ҳамчунин дар мавриди таҳаввулоти ахири минтақавӣ ва байналмилалӣ аз ҷумла вазъияти ҷории Ғазза ва ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин авзоъ Афғонистон гуфтугӯ ва табодули назар анҷом шуд.

Тоҷикистон

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад