Сафорати ҶИЭ: ҳамла ба бемористони Ал-Маъмадонӣ ҷинояти ҷангӣ аст!

Сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон дар як баёнияе ҳамлаи Исроил ба бемористони Ал-Маъмадонӣ дар Ғаззаро ҷинояти ҷангӣ унвон кард.

Сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон дар як баёнияе ҳамлаи Исроил ба бемористони Ал-Маъмадонӣ дар Ғаззаро ҷинояти ҷангӣ унвон кард.

Намояндагии Эрон дар Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳамлаи Исроил ба бемористони Ал-Маъмадонӣ” дар Ғаззаро наслкушӣ ва ҷинояти ҷангӣ унвон кард .

Дар ин баёния омадааст: “Мардуми дунё шоҳиди ҳамлаи ҳавлноку ҷунуномези Исроил ба бемористони “Алмаъмадони”-и Ғазза бо истифода аз бомбҳои амрикоӣ буданд, ки мунҷар ба шаҳодати садҳо тан аз занону кӯдакон ва шаҳрвандони ғайринизомии мазлум ва бепаноҳи Фаластин шуд”.

Сафорат таъкид кардааст, ки ин иқдоми ваҳшиёна бидуни тардид намунаи наслкушӣ ва ҷинояти ҷангӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ҳамла ба беморхонаи Ал-Аҳлии Фаластинро, ки боиси шаҳиду захмӣ шудани теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид, шадидан маҳкум кард.

Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфт, иншооти ғайринизомӣ, махсусан беморхонаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва дар ҳама гуна шароит бояд макони амн барои хизматрасонӣ ба мардум бошанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба пайвандони қурбониён тасалият ва ба захмиён шифои комил хоста, амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад