Freedom Now хоҳони озодии бе қайду шарти Зайд Саидов

Як созмони мудофеи ҳуқуқи инсон (Freedom Now) аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки соҳибкору сиёсатмадори зиндонӣ Зайд Саидовро "ҳарчи зуд ва бе қайду шарт" озод кунанд.

Як созмони мудофеи ҳуқуқи инсон (Freedom Now) аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки соҳибкору сиёсатмадори зиндонӣ Зайд Саидовро “ҳарчи зуд ва бе қайду шарт” озод кунанд.

Freedom Now, қароргоҳаш дар Вашингтон, дар баёнияе дар Твиттер навишт, ки “ӯро барои таъсиси ҳизби нави сиёсӣ ба маҳбас андохтанд”.

Баёния 14-уми октябри имсол ва дар замоне нашр шуд, ки ба ҳисоби Freedom Now “аз боздошт ва ҳабси Зайд Саидов се ҳазору ҳаштсад рӯз гузашт”.

Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд.

Мақомот ӯро ба “суистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвахорӣ, таҷовуз ба номус, сохтакории ҳуҷҷат, тасарруфи пули давлат ва саркашӣ аз пардохти андоз” гунаҳкор ва ба 29 сол зиндон маҳкум карданд.

Худаш ва тарафдоронаш иттиҳомҳоро беасос хонда, гуфтанд, ягона сабаби зиндонӣ шудани ӯ талош барои таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” буд.

Созмонҳои байнулмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон Зайд Саидовро маҳбуси сиёсӣ дониста, борҳо бозбинии ҳукми ӯ ва раҳоияшро талаб карданд, аммо дар Тоҷикистон нодида гирифтанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ба нақл аз сомонаи Созмони ғайридавлатии муқобила бо шиканҷа, дар ин мулоқот, ки Умед Бобозода масъули ҳуқуқи башар дар ҳукумати Тоҷикистон низ ширкат дошт Зайд Саидов гуфтааст, ки вазъи ҷисмонияш хуб аст ва танҳо аз мушкили дарди меъда ранҷ мебарад.

Вай таъкид кард, аз шароити зиндон шикоят надорад ва бори охир бо аъзои хонаводааш қабл аз шуриш дар зиндони минтақаи Роҳатӣ дар рӯзи 20 моҳи майи соли равон мулоқот кардааст.

Зайд Саидов фаоли бахши хусусӣ ва вазири пешини саноати Тоҷикистон дар солҳои 1999 то 2006 аст, ки пас аз поён ёфтани масъулият дар вазоратхонаҳо, ба сохти марказҳои тиҷории зиёде дар шаҳри Душанбе иқдом кард.

Вай пас аз он ки дар соли 2013 ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав”-ро таъсис кард боздошт ва ба иттиҳоми ихтилоси молӣ ба 29 сол зиндон маҳкум шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2018 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид натиҷаҳои таҳқиқоташро дар бораи парвандаи Зайд Саидов зиндонии сиёсии тоҷик мунташир кард. Ин кумита аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карда буд Зайд Саидовро аз ҳабс озод ва ба вай ба хотири ҳабси ғайриқонунӣ хасорат пардохт кунад, аммо ин дархост нодида гирифта шуд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад