130 мошин кумакҳои башардустонаи Тоҷикистон барои мардуми Ҳирот

Рӯзи 18 октябри соли 2023 як корвони бузурги кумакҳои башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон ба роҳ баромад.

Рӯзи 18 октябри соли 2023 як корвони бузурги кумакҳои башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон ба роҳ баромад.

Хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дод, ки ин корвони кумакҳои башарӣ бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фиристода мешавад.

Ба иттилои “Ховар”, кумакҳои башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрока, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарур иборат буда, наздик ба 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.Гуфта мешавад, ки ин кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Афғонистон тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад.

Ахиран овозхони шинохтаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин низ эълон кард, ки ба ёди шаҳидони заминларзаи Ҳирот нашри клипи навашро ба таъхир гузоштааст ва ҳам тасмим гирифтааст, ки аз фурӯши ҳар чиптаи силсилаи нави консертҳояш, ки аз 11 ноябр то 31 декабри соли 2023 дар чанд шаҳри Аврупо, аз ҷумла дар Стокҳолм, Амстердам, Вена, Франкфурт ва Ҳамбург барпо мешаванд, 5 еврояшро барои кумак ба зарардидагон гузаронад.

Вилояти Ҳирот дар шимолу ғарби Афғонистонро дар нимаи аввали моҳи октябр  дар байни як ҳафт якбора се заминларзаи сангини шиддаташон беш аз 6 балл такон дод. Бино ба ҳисоби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар заминларзаи аввал, ки рӯзи 7 октябр рух дод ва марказаш ноҳияи Зиндаҷони вилояти Ҳирот буд, 1480 нафар кушта шуда, наздики 2000  нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Бархе манобеи дигар шумори қурбониёни ин заминларзаро беш аз 2 ҳшазор нафар, вале мақомоти “Толибон” беш аз 1000 нафар мегӯянд. Заминларзаи рӯзи 11 октябр мунҷар ба ҳалокати 3 нафар ва захмӣ шудани 169 тани дигар гардид. Заминларзаи сеюм, ки рӯзи 15 октябр рух дод, 3 кушта ва 160 захмӣ ба ҷо гузошт.

Созмонҳои имдодӣ мегӯянд, ин офатҳои табиӣ даҳҳо ҳазор сокини вилояти Ҳиротро аз хонаву дар маҳрум кард. Ба ҳисоби Созмони Милал, танҳо барои ироаи кумакҳои оҷил ба зарардидагон дастикам 93 миллион доллар лозим аст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Созмони Милали Муттаҳид бо ироаи ҷадидтарин омор аз талафоти зилзилаи 6.3 риштерии рӯзи шанбе дар шимоли ғарби Афғонистон дар вилояти Ҳирот, аз кушта шудани дасти кам 320 тану захмӣ шудани садҳо нафар хабар дод.

Созмони заминшиносии Амрико гузориш дод, субҳи рӯзи шанбе ду зилзила ба қудрати 6.3 риштер дар 40 километрии шимоли ғарби Ҳироти Афғонистон рух дод ва баъд аз он низ 4 пасларзаи қудратманд дар ин ҳавза иттифоқ афтод.

Дар пайи зилзилаи нахуст, ки дар ҳудуди соати 11 субҳ ба вақти маҳаллӣ ба вуқуъ пайваст, ҷамъияти зиёде аз мардуми Ҳирот аз хонаҳои худ ба берун рехтанд. СММ бо интишори оморе эълом кард, ки дасти кам 320 нафар дар заминларзаи Ҳирот кушта шудаанд.

Як мақоми масъули маҳаллии вилояти Ҳироти Афғонистон низ аз кушта шудан “ҳудӯди 120 тан”  ва захмӣ шудани беш аз 1000 тани дигар дар зилзилаи Ҳирот сухан гуфт.

Мӯсо Ашъарӣ, раиси мубориза бо ҳаводиси табиии вилояти Ҳирот гуфт: “то кунун тибқи оморе, ки сабт кардем беш аз 1000 нафар шомили занон, кӯдакону солмандон дар ин зилзила маҷрӯҳ шуда ва ҳудӯди 120 тан низ ҷони худро аз даст додаанд.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад