Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари миқдори дигари аз марз

Гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари таъйини 13,98 километри дигари марз мувофиқа кардаанд.

Гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари таъйини 13,98 километри дигари марз мувофиқа кардаанд.

Девони вазирони Қирғизистон дар ин бора рӯзи 18-уми октябр хабар дод. Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз чизе нагуфтааст. Маълум нест, гап дар бораи кадом бахши сарҳад меравад.

Нишасти гурӯҳҳои кории маконнигории ду кишвар аз 12 то 18-уми октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд гузашт. Ҷонибҳо санад имзо кардаанд, аммо ҷузъиёташ дастрас нест.

Мулоқоти ояндаи гуруҳҳои корӣ дар қаламрави Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад ва то ин дам зиёда аз 600 километри он муайян шудааст.

Номуайян мондани бахшҳое аз сарҳад ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мардуму низомиён мешавад.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ду соли гузашта шоҳиди муноқишаи хунин ва пурқурбонӣ буд. Даъво бар сари дастрасӣ ба замину чарогоҳҳо, роҳу обу манобеи дигар аст.

Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст, Марзи Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста мемонад ва додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ҳам бисёр ночиз шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Дар Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ 43,32 километр сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Ба иттиои хабаргузорӣ тибқи тавофуқи дуҷониба, аз 3 октябр то 7 октябри соли 2023 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ дар умури масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид.

Манбаъ таъкид кардааст:

“Гурӯҳҳои кории топографӣ 43,32 километр сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд”.

Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо дар вохӯрии навбатӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мегардад, кори тасвири минтақаҳои боқимондаро идома медиҳанд.

Инчунин таъкид карда шудааст, ки дар анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки ахиран чанде пеш раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо ҳамтои қирғизиаш Қамчибек Тошиев масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Роҳбарони гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон муҳиммияти ҳаллу фасл намудани минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии байни ду кишварро иброз намуда, ба аъзоёни гурӯҳҳои корӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон корҳоро барои тартиб додани нақшаи лоиҳаи хатти марзи давлатии ду кишвар дар қисматии боқимондаи сарҳади давлатӣ идома медиҳанд.

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо тақвияти бахшидани дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва эътимодӣ байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷониба муҳим донистанд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад