Тоҷикистон ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бемористони “Ал-Маъмадонӣ” дар Ғаззаро маҳкум кард

Вазорати умури хориҷаи кишварамон Тоҷикистон бо интишори баёнияе ҳамлаи режими палиди саҳюнистӣ ба як бемористон дар Ғаззаро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши манобеи хаарӣ, Вазорати умури хориҷаи кишварамон Тоҷикистон зимни пахши як баёнияе ҳамлаи режими кӯдак куши Исроил ба бемористони “Ал-Маъмадонӣ” дар Фаластинро ба шиддат маҳкум кард.

Дар ин баёния омадааст: Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамла ба бемористони “Ал-Маъмадонӣ” дар Фаластинро, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани бисёре аз афрод ва аз ҷумла кӯдакон ва занон шуд, ба шиддат маҳкум мекунад.

Таъсисоти ғайри низомӣ ва ба вижа бемористонҳо таҳти ҳеҷ шароите набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва бояд маконе амн барои ироаи хадамот ба мардум дар ҳар вазъияте бошанд.

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ибрози ҳамдардӣ бо бастагони қурбониён ва орзӯи беҳбӯди маҷрӯҳон, иқдомоти хушунатомезро ба шиддат маҳкум ва аз ду тараф даъват мекунад, иқдом ба оташбаси фаврӣ ва оғози гуфтугӯ ба манзури тасбити авзоъ кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад